Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Шояд ӯ гумон кард, ки ман ба балкон баромада ва касеро ба ёрӣ ҷеғ мезанам. Ў аз ҷои бархоста чун гурба ба тарафи ман ҷаҳид. Ман, ки ҳанӯз дар рӯ ба рӯй дари балкон рост меистодам, аз тарс ҷисми хешро ба як тараф гирифтам ва садои имдодталабонаи ўро шунидам...
Чун ба худ омадам, фаҳмидам, ки дигар ба ў ёрие ҳам лозим нест…
-Яъне, ў бо ҳамон ҷаҳишаш ба поён рафт?
-Шумо худ дидед, ки панҷараи муҳофизатии балкон ҳамагӣ чилу панҷ сантиметр аст ва шояд ў суръати хешро аз ғазаб паст карда натавонист…
-Баъд чӣ кардед?
- Чун хона ҳанӯз дар оғўши зулмот буд, ман дари балконро пӯшидам ва ба тарафи дар ҳаракат намудам. Чун дубора ба он курсии чаппа шуда бархӯрдам, онро бардоштам. Шояд аз тарс бошад, ки дигар он ҳайкалчаи наҷотбахшамро ҳам ба ёд наовардам ва деворро палмосида-палмосида аз дари кушодаи ҳуҷра ба долон баромадам, пойафзол ва борониамро ёфта, ба бар кардам. Чун дар аз дохил бе калид кушода мешавад, дар кушодани он мушкилие пеш наомад ва чун дарро кушодам, онро ҳамон хел оҳиставу бесадо пӯшидам… Азбаски қулф намуди англисӣ буд, баҳри маҳкам кардани он калид ҳам лозим набуд. Дар як мижа задан ман рӯйи роҳ баромадам. Шояд ба бахти ман буд ё баръакс, ки ҳанӯз тамоми он маҳалла дар оғӯши зулмот буд, ва банда кӯшиши мошинеро боз доштан намудам, вале муддате ин кор ба ман даст надод. Эҳтимол ронандагон гумони онро доштанд, ки ман аз занони танфурӯшам, ё амсоли он…
-Пас чӣ шуд? - пурсидам ман.
-Дар ҳамин лаҳза ман мошини Хушдилро дидам, ки аз паҳлуям гузашт, аз он чӣ ки ў ба тарафи чап тоб хӯрд, ба хулосае омадам, ки маро дидааст, вагарна бояд ба тарафи рост тоб мехӯрду то пушти бино мерафт. Дар ҳамин лаҳза дар он кӯчаи торик марде ба сӣи ман омад, вале ман аз ў каме фирор намудам, ин фирор на аз рўи тарс, балки аз он буд, ки ман боварӣ доштам, ки Хушдил бармегардад ва ҳаминаш намерасад, ки ў маро ҳангоми суҳбат бо марди бегонае бубинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор