Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Боноз нияти аз шавҳар ҷудо шудан надоштааст, ҳамин сирри ниҳонро ба дугонааш Нигораи Собир ки дар ҳамон бино зиндагӣ мекунад, кушодааст…

  • Нигора ба ў гуфтааст: “Афсӯс мо ҷинсҳои латиф ба қобилияти фавқулодаи хеш, дурӯст баҳогузори карда наметавонем”…
    Ман гумон мекунам, ки маҳз ҳамин суханони дугонаашро Боноз чун сарчашмаи асосӣ дар саҳнаи пойбанди хеш намудани банда истифода бурд…
    Ба фикрам, Нигора баъди ин ҳар қадами Бонозро ба зери назорат гирифта будааст ва чун фаҳмидааст, ки Боноз дуҷон шудааст, пурсидааст, ки падари тифли дар батнаш буда кист.
    Боноз, чизеро аз ў пинҳон накардааст ва ҳамон вақт афсӯс бар он хӯрдааст, ки чаро сирру асрори хешро пеш аз вақт ифшо намудааст…
  • Ба андешаи шумо дар ин ҳодиса Нигораи Собир роҳбалади Сафо Боқӣ буд.
  • Ман ҳамин нуқтаи назарро ба Боноз гуфтам, вале ў онро напазируфт.
  • Оё ў худаш аз касе гумонбар нест?
  • Ў дар ин бора аз дӯсти хонадонашон Хусрав Раҳим гумонбар аст.
  • Асоси ин гумонҳои ў дар чист? - пурсидам ман.
  • Боноз гуфт, ки ҳамон шаб, вақте ки рўи роҳ баромадааст, то ба кӯчаи Беҳзод равад, ҳамон дӯсти сӯзанхӯрдаашонро дидааст ва ҳарчанд ў дар тарафи дигари роҳ будааст, вале…
  • Вале чӣ?
  • Ў бар он андеша аст, ки он марди сӯзанхӯрда ўро шинохтааст ва дар ин бора ба Сафо хабар додааст.
  • Акнун мегуфтед, ки шумо дар он шаб дар куҷо будед?
  • Намедонам, чӣ гӯям.
  • Ҳақиқатро гӯед, ҳарчанд он ба нафъи шумо ҳам набошад.
    Танҳо, ҳақиқат метавонад дараҷаи гуноҳҳои шуморо каме ҳам бошад паст намояд,-гуфт Тоҳир Додобоев, ки то ин лаҳза боре ҳам ба суҳбат ҳамроҳ нашуда буд.
  • Ман бояд соати 23 ба он манзил мерафтам, вале бо сабабҳои ба худам вобаста набуда даҳ ё шояд понздаҳ дақиқа дер мондам ва вақте ки аз роҳ мегузаштам, Бонозро дидам, ки рӯи роҳ нияти аз он маҳал фирор кардан дорад, чун ман дар қатори сеюм будам, мошинро нигоҳ надошта, аз гардиши аввалин пас гаштам ва баъди ду дақиқа дар рў ба рўи ў истодам ва чун ў мошини бандаро шинохта, бе ягон истиҳола худро дохили он гирифт ва аз забони худи ў ман шунидам, ки чӣ ҳодиса рух додааст.
пешина
аз 441
навбатӣ