Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Бисёр хуб. Акнун гӯед, ки аз ман чӣ мехоҳед?
- Мехостам ту худат фардо ба он ҷо рафта ҳақиқати ҳолро баён намоӣ.
-Ман? - Ҳа ту.
- Ту оқибати ин суханатро андеша намудаӣ?
- Албатта.
- Аз хотир набарор, ки агар ба пойи ман хоре халад, туро низ бо худ хоҳам бурд.
- Ин таҳдид аст?
- Не, ҳақиқат.
- Чӣ хел ҳақиқат?
- Ҳақиқат, ба фикрам, ду паҳлу надорад ва бояд ту маро фаҳмӣ.
- О, ман гуноҳе надорам.
- Биё, беҳтараш худро...
- Ту чиҳо гуфта истодаӣ, Бону?
- Яъне, ки ту бегуноҳӣ?
- Ман ин хел нагуфтам. Ман мефаҳмам, ки оини бародариро зери по намудам.
- Дурусттараш ба намакдони дӯстат туф кардӣ, боз чӣ мехоҳӣ?
- Ҳамааш айби худат шуд.
- Мебинам, ки акнун аз оини ҷавонмардӣ ҳам дар ниҳоди ту заррае боқӣ намондааст.
- Охир ман он ҷо набудам.
- Ман аллакай ҳамаашро ба ту гуфтам, ё нагуфтам?
- Не, гуфтед.
- Пас чаро маро фаҳмидан намехоҳӣ?
- Охир онҳо гумон доранд, ки ман ўро…
- Онҳо аз худат гумонбаранд на аз ман, пас чаро ман худ бо дасти хеш ба поям кишан занам?
- Агар ту ҳақиқатро гӯӣ, онҳо манро шояд ба ҳолам гузоранд, охир ту бояд маро фаҳмӣ.
- Агар ҳақиқати гапро гӯем, ту сабабгори асосии ҳамаи ин бадбахтиҳо ҳасти?
- Ман?
- Ҳа, худат.
- Хуш мегуфтед, ки гуноҳи банда чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор