Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳамаи инро сабаб он буд, ки оғози маҷлиси назди сардор соате то ба соати дигар пас партофта мешуд.
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Ҳамид Ҷовид ва муовинонашро ба маҷлиси мушовараи вазорат хонда буданд ва ягон нафаре аз сарварони бахшҳо масъулиятро ба души хеш гирифтан намехост, ки ҳайати шахсиро ҷавоб диҳад, то аз пайи корҳои рўзмарра шаванд..
Дигаронро намедонам, вале сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ полковники милиса Додобоев, ки ба андешаи банда марди ниҳоят ҷасурест, аз ба зимма гирифтани чунин масъулият худдорӣ кард…
Оғози маҷлис ба соати 1630 дақиқа рост омад. Аз суханрониҳои Ҳамид Ҷовид ба хулосае омадем, ки дар маҷлиси мушовараи вазорат сари ўро хеле «сила» намуданд.
Тайи якуним соат сарвари ШКД аз се як ҳиссаи ҳайати шахсиро аз натиҷаи кори имсолаашон пурсон шуд ва чун навбат ба бахши кофтукови ҷиноятӣ расид, ў моро ҳушдор сохт, ки баъди маҷлиси ҳама чун як тан ба дафтари кори вай дароем. Аз номи ҳамаи мо Тоҳир Додобоев сарвари ШКД- ро ором намуда гуфт, ки амри эшонро фаҳмидем.
Расо соати 18 ҳамагон толори маҷлисгоҳи умумиро тарк намуданд ва баъди даҳ дақиқа мо аз қафои сардори бахш вориди дафтари кори Ҳамид Ҷовид шудем.
Сардори милиса ва муовинаш оид ба корҳои оперативӣ майори милиса Раҷабов сари кадом масъалае дар зери фаввораи дуди тамоку суҳбат доштанд. Он чӣ суҳбат буд, албатта, баҳри мо ҳамон хел ноаён монд, вале чун мо ба курсиҳо нишастем, сарвари милиса ҳамоно ба ҳуҷум гузошт…
-Рафиқ Додобоев, шумо бандаро бовар кунонидед, ки агар мо ба манзили Бонози Даврон тугмачаҳои қабули овозро гузорем, ҳатман натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод, ё гапам нодуруст?
- Гапатон дуруст, - аз ҷойи бархеста гуфт сардори бахш.
- Пас канӣ натиҷаи он ҳама ҷонкоҳонии мо.
-Чӣ илоҷ ки он ҳама даву тоз ҳанўз натиҷае надоданд, вале мо мутмаъинем, ки Сафо Боқӣ ба он манзил бо роҳбаладии касе рафтааст. - Бо ҳамин чормағзҳои пуч бори чандум аст, ки бағали бандаро пур мекунед. Ҳайф, ки ин субҳ ман шуморо бо худ ба маҷлиси мушовара набурдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор