Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Соҳибхона ҳам аз ҳодисаи таркиши газ, ки моҳе пештар дар ҳамон маҳал рух дода буд, хабардор будааст. Ба замми ин, Ҷунайдов ҳамаи ҳамон даромадгоҳро санҷида бармадааст ва гумон мекунам, ки соҳибхона Бонози Даврон ва на дигар сокинони бино ба корманди идораи газ будани вай шубҳа накардаанд.
- Аз Абдурашид ягон хабаре нест?
- То кунун нест, ояндаашро намедонам.
- Дунё ба умед аст.
- Инро дар маҷлиси бегоҳирўзӣ ба сардор мегўед.
- Сол ҳам поён ёфту «ҳадисҳои» Ҳамид Ҷовидро интиҳо нест.
- Мо ҳам агар ба ҷойи вай бошем…
- Шуморо намедонам, вале агар рафту ба ҷойи ў мешудам, аз ҳама ин маҷлисбозиҳои бесамар даст мекашидам.
- Сараввал соҳиби вазифаи вай шавед, - гуфт сардори бахш.
- Вазифааш ба худаш насиб кунад, - гўён ман аз ҷой бархостам, то ки он мактуби гуфтаи Тоҳир Додобоевро рўи лисон оварам…
Ин даъфа мақоли халқӣ «то омадани табар кунда меосояд»
барин нашуд. Ҳамид Ҷовид дар ин ҳамоиш моро ҳушдор сохт, ки интизор шудани Нигораи Собир маъние надорад. Бо амри сардори ШКД банда боз ба гурӯҳи Абдурашиди Шариф пайвастам. Чун самти ҳуҷум дар ин ҷо муайян буд, касе дигар дар ин бора сухане нагуфт. Фурудгоҳро худи сардори бахш ба душ гирифт…
Абдурашид бандаро бовар кунонид, ки тамоми кӯҳдоманро аз сару бар тайи ин чанд рўз қадам задааст, вале касе он расмро нашинохт.
Моро ба ҷуз дубора ба назди полковник Ҷумъа Зокир рафтан чорае намонда буд. Ин дафъа ману нозири минтақавӣ ҳарду якҷоя ба кӯчаи «Озодии занон» рафтем.
Дарвозаро ба рўямон худи Парвона кушода, ин дафъа ба майли том моро ба хона таклиф намуд.
- Мӯйсафед дар куҷост?
- Он кас ба назди шумо рафтанд, - ба тарафи ман нигариста гуфт Парвона.
- Ба назди ман?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор