Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Аслан дастовардҳо бе каму кост набуданд, банда бо нигоҳи дил дар онҳо нуре дидам.
Модари Абдумаҷид суханони фарзандашро тасдиқ намуда гуфт, ки ду руз пеш Нигорабону пеш аз сафар ба хонаи волидайнаш ба назди ў даромадааст, то худоҳофизӣ намояд.
«Ў дар тан боронии чармини сиёҳ дошт», - ба ёд овардам ман оғози қиссаи модари дӯсти хурдсоламро, ки ба ҷойи ҳарфи «Р»
ҳамеша ҳарфи «В» - ро такрор мекард ва бо ҳамин алфози ў ниҳоят ширинтар мешуд…
- Чӣ, Нигорабону ҳам бори аввал чунин боронӣ ба бар карда буд?
- Ҳа, ман ҳам бори аввал дар тани ў чунин борониро дида, пурсидам, ки чунин борони зеборо аз куҷо дастрас намудааст.
Нигорабону гуфт, ки моҳи сентябр онро худораҳматии Сафо Боқӣ аз Бишкек оварда будааст. - Пурсидам, ки фақат барои худат, Нигорабону гуфт, ки Сафо ака ду боронӣ оварда буд, якто барои ман ва якто барои Боноз…
- Нигорабону дар куҷост?
- Ў ба аёдати волидайнаш ба Бадахшон рафт.
- Кай бармегардад, нафаҳмидед.
- Ў ҳеҷ гоҳ дар Бадахшон беш аз як ҳафта намеистад.
-Эй Абдумаҷид, Абдумаҷид, кош ту мефаҳмидӣ, ки чӣ қадар ба мо ёрӣ додӣ, - гуфтам ман зери лаб ва дар истгоҳи бозори «Баракат» аз автобус фаромадам.
Чун модари Абдумаҷид манзили аслии волидайни Нигораи Собирро намедонист, моро ба ҷуз интизор шудани Нигорабону чорае намонда буд. Аз рўи иттилои гирифтаи мо Нигораи Собир аз Бадахшон бояд тавассути тайёра бармегашт ва акнун моро лозим буд, ки то вохўриаш бо Бонози Даврон ўро бинем ва ба саволҳои хеш посух ҷўем. Мо итминони комил доштем, ки Нигора аз найрангҳои дугонааш воқиф нест, вагарна ба гумон буд, ки ў рози дили хеш ба модари Абдумаҷид ифшо созад…
Дар кӯча қадам зада истода, ман Нигораи Собир ва суҳбати се ҳафта пеш бо ў доштаамро ба хотир овардам.
«Дар бораи ҳамсари Боноз чӣ гуфта метавонед? - Ў инсони наҷиб буд.
- Худи Боноз чӣ?
- Чӣ шумо аз ў гумонбаред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор