Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

роҳбаряти милиса ёрӣ пурсад. Чун Тоҳир Солеҳ бо супориши роҳбари милиса аз пайи ҷустуҷӯи ронандагон рафта буд ва то бегоҳ омаданаш ҳам ба гумон буд, интизор шудани вай маъние надошт. Албатта, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ метавонист ба таври мустақим дар ин бора бо сарвари милиса гуфтугӯ намояд, вале ҳанӯз баъзе норасоиҳое дар муайян намудани шахсияти маллоҳ дида мешуд ва ба гумон буд он аз тарафи сардори милиса пазируфта шавад. Шояд пешниҳоди ӯро сардори милиса мепазируфт, вале аз рӯйи ваколат барои тариқи матбуот ё телевизион пахш намудани даъватнома на кам аз имзои сардори раёсати шаҳрӣ лозим буд ва ҳар нафаре, ки чунин масъулиятро ба душ мегирад, албатта, ба ҷузъиёти масъала бештар аҳамият медиҳад. Умуман, бюрократия дар пешниҳоди мазкур ҳам монеа эҷод карда метавонист ва ба рафти он аз паси панҷа нигаристан аз нигоҳи хирад набуд...
“Спешишь, людей насмешишь”10 ба ёд овард Сорбони Ҳомид каломи борҳо аз забони ҳамкорон шунидаашро ва боз он чиро ки аз замони хурдӣ ба гӯши ӯ ҳалқа намуда буданд: “Ҷомаи бомаслиҳат, кӯтоҳ намеояд,” ҳарчанд кор дар баъзе мавридҳо тағофулро намепазирад...
Бо ҳамин андешаҳо барои муайян намудани шахсияти маллоҳ, ки ӯро Карим ном будааст, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз идора баромад. То бегоҳ ӯ ба дари меҳмонхонаҳои “Тоҷикистон,” “Помир” ва “Вахш” ангушт зад, вале бе натиҷа. Маъмурони меҳмонхонаҳо ӯро бовар кунониданд, ки онҳо на танҳо дар давоми ҳафта, балки дар давоми моҳ нафареро бо либоси маллоҳӣ надидаанд. Чун ин тарафи масъала корманди милисаро қаноат кунонида натавонист, маъмурон аз рӯйи номи пешниҳод намудаи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ китобҳои воридотии меҳмонхонаҳоро варақ заданд ва панҷ Каримро дар китобҳои хеш сабти ном диданд, вале аз рӯйи синну сол онҳо бо Кариме, ки Сорбони Ҳомид барои ёфтанаш дасту остин барзада буд, рост наомаданд.
Шитобкори хандаи дигаронро ба бор меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё