Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Абдумаҷид?

  • Ҳа,ман.
  • Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
  • Яхмолакбозӣ мекунам, чӣ қадав бавфи зув.
  • Барф ба ту маъқул?
  • Ҳа. Ман шумово аз дув дидам.
  • Офарин, Абдумаҷид!
  • Амакӣ, биё ба хонаи мо вавем, шумово бо дадом шинос мекунам, он кас ҳам милиса.
    Дар ҳоле ки ман сари пешниҳоди дӯсти ҷавонам андеша доштам, аз байни иморатҳои бисёрошёна зане ба сӯйи мо омад.
    Чун ў дар тан боронии чармини сиёҳ дошт, таваҷҷуҳи бандаро бештар намуд. Ӯ аз назди мо гузашта, ба самти бозор рафт.
    Шояд Абдумаҷид таваҷҷуҳи бандаро дар нисбати он зан пайхас намуд, ки пурсид:
    -Амакӣ шумо ўво мешиносед?
  • Киро?
  • Ҳамин холаво?
  • Не.
  • Пас чаво ба ў нигоҳ мекунед?
  • Ба ту чӣ гўям.
    -Восташво.
    Дар ҳамин лаҳза фикре ба сарам омад, ки матлабаш мақоли халқӣ «гапи ростро аз бача шунав аст» ва боз мақоли дигаре ҳам «макун бо кӯдаку бо ганда бозӣ, ки худро оқибат шарманда созӣ» чун ҳариф дар сангари муқобил ҷо гирифт.
    Фурсат ниҳоят танг буд, чунки он зан метавонист лаҳзае пас аз назари мо дур шавад ва бе нишон додани вай посухе аз Абдумаҷид гирифтан ба гумон буд.
  • Гӯш кун, Абдумаҷид.
  • Чӣ буд?
  • Дар биное, ки худат истиқомат дорӣ, ягон нафар зан чунин боронии сиёҳ (ман бо даст ба сўи ҳамон зани аз паҳлуямон гузашта ишора намудам) дорад.
  • Холаи Нигова.
    -Холаи Бонозат чӣ?
  • Ў ҳам довад.
  • Ту худат дидӣ?
пешина
аз 441
навбатӣ