Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ту ҳоло бисёр чизҳоро намедонӣ, занак,-бо ҳамон салоботи хеш гуфт падар ва фармуд, ки сару рўямро бо оби хунук шўям.
  • Чаро бо оби хунук? - эътироз намуд модарам.
  • Чунки ин амри ман аст,-гуфт падар.
    Ҳамон хеле ки падар мехост, амраш иҷро шуд…
    Ман хеле баъд фаҳмидам, ки ҷисми сармобурдаи инсонро сараввал бо барф молиш медиҳанду бо оби хунук мешўянд, то пӯст вайрон нашавад...
    Хурсандии бачаҳои дар саҳни ҳавлӣ яхмолакбозикунандаро интиҳо набуд. Чун Расул дар басти дуюм мехонд, ман ўро ба ҳолиаш гузоштам. Албатта, барф дар шаҳр на беш аз ду-се рўз мемонд ва бачаҳоро ҳам фаҳмидан лозим буд.
    Ба китфам расидани дасти ҳамсар маро маҷбур сохт, ки аз мавҷи хаёлоти ширини хеш берун оям.
    ...Шиносоии аввалин банда бо Умеда дар гардиши пеши қабристони деҳа ҳам бароям хотирмон аст. Албатта, дар ин ҷода хизмати Наҷиб, ки ҳоло донишҷўи Консерваторияи миллӣ буд, бештар аст ва Умеда ҳам, он вохӯрии ногаҳониро дар паҳлуи манзилгоҳи хомӯшон ҳаргиз аз ёд нахоҳад баровард…
  • Чой тайёр, - гўён модари Расул дасташаро дар гарданам ҳалқа кард…
  • Ман аллакай дер монда истодам.
  • Вале ман туро бе тановул рафтан намемонам,-ҳамон хел бо нозу карашмаи ба худ хос гуфт Умеда, ки то ҳанўз дастонаш дар гарданам ҳалқа буданд.
  • Чӣ нияти бандаро сар додан надорӣ?
  • Магар ту ҳаминро хоҳонӣ?
  • Не.
  • Набошад гӯш бикун.
  • Чиро?
  • Суханони маро.
  • Гап зан.
  • Ба наздики Далер ака мешавад.
  • Чӣ?
  • Он чӣ шунидӣ, - гўён Умеда лабони нозукашро ба сўи ман овард.
  • Ҷудо шуд ҳалқаи зарин, бо як бўсаи ширин…
  • Чаро пештар нагуфтӣ?
пешина
аз 441
навбатӣ