Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

харидани як рӯймоли пашмини сиёҳ, ки акнун касе онро истифода намебарад, аз котиби якум ё раиси ноҳия баҳри раиси ҷамъияти матлубот хат бурдан лозим меомад ва раис дар навбати хеш дар гӯшаи он нома баҳри мудири анбор «виза»
мегузошт. Ҳамааш шуда барои чӣ, барои як рўймол, боронии чармини сиёҳро бошад, касе бо чашми сар надида буд. Бубин, истиқлол ба мо чӣ кард? Ҳама ҷо тоҷир, ҳама ҷо дӯкондор, тамоми дарвозаҳои мамолики ҷаҳон баҳрат кушода…
Мардум аллакай насими истиқлолро эҳсос намуданд, ҳарчанд ҳастанд нафароне, ки алайҳи он сипар сохтанӣ мешаванд, вале чунин ашхос ангуштшуморанд, чунки кулли мардум бори аввал чунин озодиро дидаанд ва дар насими ҳамин боди муродбахш осиёби хешро ба ҳаракат даровардаанд, фақат…
Насими ин боди мурод имрўзҳо кори моро аз рўи як боронӣ шуда хеле зиёд карда буд…
Ман боз ба чанд мағозаи молҳои ниёзи мардум даромадам ва бо фурӯшандаҳо расми Сафо Боқиро нишон дода, дар бораи ў пурсон шудам.
Ду нафар аз ҳамсуҳбатони банда маҳрумро мешинохтанд ва аз ҳодисаи ба сараш омада хабардор буданд. Ҳар ду ҳам нисбати вай андешаҳои мусбӣ доштанд.
Қарибиҳои бегоҳ ман бе ягон натиҷа ба идора баргаштам ва сардори бахшро дар ин бора огоҳ намудам.
- Сари субҳ боз ба ҳамон маҳалла равед.
- Расул дар куҷост?
- Дар яхмолакбозӣ.
- Ҳанўз чашми рўз накафида?
- Соат аллакай ҳашт шуд.
- Пас чаро маро бедор накардед?
- Шаб гуфтед, ки фардо субҳ аз хона рост ба маҳаллаи Зарафшон меравам, ё нагуфтед?
- Гуфтам.
- Барои ҳамин ҳам туро бедор накардам,-бо як табассуми зебое гуфт Умеда.
- Ҳоло ҳамин хел гўй?
- Ҳамин хел, - гўён Умеда аз дар баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор