Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Манзуратон бод, ки агар мо он тугмачаҳоро ҳам дар манзили Бонози Даврон насб намоем, як умр назорати онро ба душ гирифта наметавонем, барои ҳамин ҳам мақоли халқии «ба умеди чоруқи анбунӣ, пота дар хор намунӣ»-ро аз ёд набароред ва аз пайи он боронии чармии сиёҳ шавед.

  • Рухсат диҳед аз пайи иҷрои супоришатон шавем? - гуфт Тоҳир Додобоев.
  • Амал намоед!
    Мо аз дафтари кори Ҳамид Ҷовид берун баромадем. Ҳавои моҳи аввали зимистон ба машом бӯйи барфро меовард.
  • Барф меборад, - гуфт сардори бахш.
  • Зимистон чун зимистон бояд бошад.
  • Чун дар Сағирдашт.
  • Сағирдашт зеботарин мавзеи кишвар аст.
  • Танҳо дар тобистон?
  • Не, дар ҳамаи фаслҳо.
  • Набошад, шуморо аз барф ҳаросе нест?
  • Нест.
  • Ин тавр бошад, ба маҳаллаи Зарафшон равед ва аз пайи он боронии чармин шавед.
  • Зид нестам.
  • Ба шумо барори кор мехоҳам.
  • Абелро ба гӯшаи фаромушӣ надиҳед, - гўён ман аз зинаҳо ба поён рафтам.
    Баъди ним соат ман дар рў ба рўи тарабхонаи «Ором» аз таксӣ фаромадам ва ба самти муқобили роҳ гузаштам.
    Аз пеши бозорчаи маҳаллаи Зарафшон гузашта истода, суханони қариб се ҳафта пеш гуфтаи Бонози Давронро ба ёд овардам: “Дар ин бора метавонед аз холаи нонфурўш, ки дар пеши дарвозаи бозор меистаду Зулфӣ ном дорад, пурсон шавед…” Пеши дарвозаи бозорро нонфурӯшони зиёде ба иҷора гирифта буданд. Ман аз духтараке, ки шояд толибаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ буду ба модар ё бибиаш ёрӣ медод, холаи Зулфиро пурсон шудам.
  • Он кас имрўз наомаданд.
  • Сабаби наомаданашонро намедонед?
  • Не.
  • Манзилашонро чӣ?
пешина
аз 441
навбатӣ