Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Мўйсафед боз чизе гуфтан мехост, вале баробари вориди ҳуҷрааш шудани Парвона муҳри хомўшӣ ба лаб гирифт ва дар кушодани дастурхони овардаи набера ба ў ёрӣ дод.
Сари як пиёла чой ў хеле аз корнамоиҳои дар фронт нишондодааш ҳикоят намуд ва бандаро ба ҷуз сар ҷунбонидану тасдиқ намудани суханони вай чорае намонда буд.
Ба ростӣ, агар корномаи ўро дар ҷанг мешунидед, дилатон ба хизматҳои ў месӯхт ва ҳатто афсўс ҳам мехӯрдед, ки чаро Ватан хизматҳои вайро ба таври бояду шояд қадр накардаву ба ў рутбаигенерал надодааст. Бобои Ҷумъа фақат як чизро нагуфт, шояд пурсед, ки чиро?
Ў нагуфт, ки вақте ки вайро баҳри хизмати Модар-Ватан даъват намуданд, дигар пойи аду дар хоки ин диёр набуд.
Душман он шабу рўз думро хода карда, ба сўйи лонаи хеш ақибнишинӣ дошт ва бобои Ҷумъа аз фронти амалкунанда дар масофаи ҳазорҳо фарсах роҳ дур буд…
Ман итминони комил доштам, ки мўйсафед ҳамин қисми саргузашти хешро аз ҳама пинҳон медорад ва аҷаб не, ки Тоҳир Додобоев худ баъди шунидани саргузаштҳои мўйсафед дафтари аъмоли ўро варақгардон накарда бошад.
Овозаи Рустам беҳ аз Рустам ва ман тасаввур намудам, ки Ҷумъа Зокир чӣ тавр дар он солҳои баъди ҷангӣ бо ҳикояҳои бофтаи хеш дили мардумро мусаххар намуда, ва ё ба таври дигар гўем,- «алови чашми мардумро гирифта будааст». Аз чӣ бошад ҳамон лаҳзаҳо латифаеро ба ёд овардам: «Сержанти армияи амрикоӣ ба зердастони хеш мегўяд: - Рақиби асосии мо СССР армияе дорад бо номи ВДВ53КИ барои нест кардани як аскари он моро лозим аст ду аскар фиристем, вале инаш ҳам ҳам дарди бахайрест. Боз дар СССР армияе бо номи пиёдагардони баҳрӣ54 амал мекунанд, ки барои нест кардани як аскари он се аскари мо лозим, вале инаш ҳам боиси таассуфи зиёд шуда наметавонад. Нигаронии мо амрикоиҳо дар он аст, ки дар СССР армияе бо номи «стройбат»55 амал мекунад ва ба ҳайати шахсии он ҳатто яроқ намедиҳанд…»
53
ВДВ – қувваҳои ҳавоии десанти.(воздушно десантний войска).
54
Морская пехота.
Стройбат – баталёни сохтмонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор