Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Бе шӯхӣ мегўям, ў ҳатто суҳбати бандаро бо чанд нафар роҳгузарон дида, хулосаи хеш бар он гуфт, ки банда милисаам.
  • Шояд тасодуфан гуфта бошад.
  • Бе ягон тасодуф.
  • Яъне, ки бобои Ҷумъа сад фоиз гуфта метавонад, ки шахс кист?
  • Сад фоиз-ку не, вале шаст-шасту панҷ фоиз гуфта метавонад.
  • Барои мо даҳ фоизаш ҳам басанда аст. Шояд ба ман фотеҳа диҳед.
    -Фақат як илтимос, пеш аз он ки расми Сафо Боқиро ба мадди назари ў гузоред, хоҳиш намоед, ки ў аз роҳи паймудааш дар майдони набард бароят каме ҳам бошад қисса намояд, ин барои гирд овардани хотироташ кумак хоҳад кард.
  • Кӯшиш мекунам, - гўён ман аз ҷой бархестам.
  • Масъалаи дар манзили Бонози Даврон гузоштани тугмачаҳои овозгирро (жучок) ман худи ҳозир рафта, бо Ҳомид Ҷовид маслиҳат мекунам, - шунидам овози сардори бахшро аз дар баромада истода.
    Ба дафтари кориам даромада, чанд расми Сафо Боқӣ ва диктофонро гирифта баромадам.
    Нимаи аввали рўзро банда сари баҳсу мунозираҳо дар атрофи зиндагиномаи Сафо Боқӣ ва ҳамсари ў Бонози Даврон сипарӣ намудам.
    Ҳангоми аз бинои милиса берун баромадан ба хулосае омадам, ки бо шиками гурусна ба ҷустуҷўи Ҷумъаи Зокир рафтан маъние надорад.
    Сари қадам ба тарабхонаи «Гули ноз» даромада тановул намудам ва сипас ба автобус нишаста, то даромадгоҳи кӯчаи «Озодии занон» рафтам. Дар вақти танаффуси нисфирўзӣ дар кӯча қариб, ки пашша пар намезад. Дар гирду атрофи телефонавтомати рақами 228 низ муштариеро надидам, ҳол он ки дар самти муқобил дар тарафи дигари кӯча чанд тан назди телефон-автомате, ки дирўз ман худам бо хона гап зада будам, баҳри гуфтугў дар навбат истода буданд. Аз паҳлуи телефонавтомат гузашта, ман ба тарафи офтоббаро, ба самти кӯҳдоман ҳаракат намудам.
    Танҳо роҳгузари панҷуме, ки бо ман ҳамсуҳбат шуд, ба саволам посухи дуруст дода гуфт, ки полковник Ҷумъа Зокир дар ҳавлии рақами 312 зиндагӣ мекунад.
пешина
аз 441
навбатӣ