Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Афсўс ки ҳоло зимистон аст.
- Чӣ магар дар дигар фасли сол мо он сӯзанро аз байни тӯдаи коҳ тезтар меёфтем?
- Ман акнун ба хотир овардам, ки дар кӯчаи «Озодии занон»
як мӯйсафеди ҳаштодупанҷсола зиндагӣ дорад. - Ўро бо ин ҳодиса чӣ иртиботест?
- Ў тамоми фасли гармо болои курсие нишаста, рафтуомади мардуми кӯчаро назорат мекунад. Боре ман ҳам бо вай суҳбат намудам. Мӯйсафед ниҳоят инсони наҷиб аст.
- Оё гуфтанӣ нестед, ки банда барои ёрӣ ба ҳамон мӯйсафед муроҷиат намоям.
- Садқаи одами аҳли фаҳм шавам.
- Ба андешаи шумо ҳамон мўйсафеди ҳаштодупанҷсола Сафо Боқиро ҳамроҳи он духтараки нақшашро дар ҳайкалчаи Суқрот гузошташуда дидааст.
- Намедонам, вале аз нишон додани расми Сафо Боқӣ мо ягон чизро бой нахоҳем дод.
- Модоме ки худи сардори бахш чунин андеша дорад, бандаро ба ҷуз иҷрои амри ў чорае нест.
- Нигоҳи банда ба шумо на чун нигоҳи сардор ба зердаст, балки нигоҳи бародар ба бародар аст ва хоҳиш мекунам ҳаминро аз ёд набароред.
- Дар вақти кор ҳар кас бояд мақому манзалати хешро нигоҳ дорад.
- Берун аз кор чӣ?
- Дар он сурат ҳам банда маҷбурам, ки сардор будани шуморо эътироф намоям.
- Тайи чандин солҳои дар милиса якҷоя кор намуданамон боре ҳам надидам, ки шумо кӯшиши бо роҳбарият наздик шуданро намуда бошед.
- Он чӣ ки ба шир дар бадан рафт…
- Бовар мекунам.
- Акнун ба ман рухсат диҳед, ки аз пайи супоришатон шавам.
- Сабр намоед. Чун мо сари мавзуи бародарӣ қарор гирифтему шумо онро напазируфтед, донистан мехостам, ки мароми шумо дар кор аз куҷо сарчашма мегирад?
- Тоҳир Дадабоевич, банда ҳеҷ гоҳ аҳди бародариро шикастанӣ нестам, вале чӣ хеле ки гуфтам, дар кор бояд ҳар кӣ мақоми хешро дошта ва ин мақом аз рўи вазифа сардор ва зердаст ба ҳамагон маълум аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор