Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ман аллакай ба ин саволатон посух гуфта будам ва агар такрор ҳам шавад, боз ёдовар мешавам, ки то кунун нигоҳи банда ба Бонози Даврон, нигоҳи муфаттиш ба гумонбаршударо мемонад. Гумонбаршуда бошад, бархилофи шоҳид шахси тамоман дигар аст. Ўро ҳуқуқҳои дигаре ҳаст, ки бояд шаъну шараф ва бегуноҳии хешро собит созад, на ин ки бо мо ҳамкорӣ намояду теша ба пойи хеш хеш занад.
- То кунун мо ба муқобили вай ягон далеле надорем, пас чӣ тавр метавонем аз ў гумонбар шавем?
- Дар ин бора худи шумо ба вай ёрӣ додед.
- Чӣ хел ёрӣ?
- Чӣ лозим буд дар бораи ҳамон боронии чармини сиёҳ мавод гирд овардан?
- Магар мо хато кардем?
- Шумо хато кардед ё банда саҳв намуда истодам. то кунун маълум нест, вале чун рӯзу соаташ ояд, ҳамааш маълум мешавад. Кошкӣ банда хато намуда бошам. Дар он сурат ҳатман аз шумо узр мепурсам.
- Чӣ илоҷ, модоме ки чунин аст, дигар сари ин масъала баргаштан маъние надорад. Шояд рухсат диҳед, ки банда аз пайи он бонуи дар камин буда шавам.
- Ман аминам, ки шумо ўро меёбед.
- Рафту наёбам-чӣ?
- Орзу ва нияти нек ними давлат аст ва хоҳиш мекунам дар рафти корҳои ҷустуҷӯи аз ҳамин нуқтаи назар амал намоед.
- Дар амони худо бошед! - гўён банда бархестам.
Муфаттиш ин даъфа бандаро то зинаҳои пеши бинои прокуратура гусел намуда, бароям барори кор орзу намуд.
Дар ҳоле ки ман ба тарафи дигари роҳ гузаштаму таксиеро боздоштам, Нӯшин ҳанўз рўи зинаҳои пеши бинои прократура рост меистод.
- Ба ақидаи муфаттиши прокуратура гўё мо дар бардоштани назорат аз қафои Бонози Даврон ба шитобкорӣ роҳ додаем, ҳамин хел?
- Ҳамин хел?
- Ба вай фаҳмонда надодед, ки ин ҷо айб на дар ош, балки дар мош аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор