Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ана аз ҳамин нуқтаи назар ба рафти минбаъдаи тафтишот нигоҳ кардан лозим мешавад.
  • О, мақсаду мароми банда ҳам аслан чунин аст.
  • На.
  • Шуморо нафаҳмидам.
  • Ба гумон аст, ки Бонози Даврон дар бораи он бонуе, ки ба шумо занг задааст, маълумоте дошта бошад. Баръакс, мо чӣ хеле ҳам набошад, бояд он бонуро биёбем, то дар бораи ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ маълумоти бештаре ба даст орем.
  • О, ин баробари ҷустани сўзан дар байни тӯдаи коҳ аст.
  • Дар ин самт ба пиндори банда кор на ба он дараҷае ланҷ аст, ки мо гумон дорем.
  • Чӣ хел?
  • Ҳамин хел одӣ. Рафту агар ў ошкор шудани хешро намехост, ҳаргиз ба милиса занг намезад.
  • Шояд ў гумон дорад, ки …
    Ў мехоҳад, ки мо худамон вайро ошкор намоем, яъне ў лаҳзаеро интизор аст, ки мо вайро бо ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ рў ба рў намоем.
  • Кай он лаҳза фаро мерасад?
  • Намедонам, вале аз он чӣ ки вай аз телефон-автомате истифода бурдааст, ки дар ним соат касе майли бо он гап задан накардааст, ў аз қонун бохабар аст. Ба таври дигар гўем, вай моро ҳидоят намудааст, ки бубинед ман борҳо дар кӯчаи Беҳзод ҳамроҳи Сафо Боқӣ будам ва рафту агар ҳамсари қонуниаш ба шитобкорӣ роҳ намедод, банда номзади аввали бонуи ин хонадон шудан доштам. Маро мефаҳмед?
  • То андозае.
  • Чаро вай ба ман нею ба шумо занг зад?
  • Аз куҷо донам?
  • Чунки вай нағз мефаҳмад, ки Сорбони Ҳомид кист ва ба чӣ кор қодир аст. Ў низ аслан чун худи шумо андеша намуда, нишонаи хешро дар он телефон-автомати қариб бесоҳиб мондааст ва аз эҳтимол дур нест, ки омадани шуморо ҳатто дар ҳамон наздикиҳои телефон интизор нашуда бошад. Ман аминам, ки вай ҳатто аз дур назора намудааст, ки оё шумо нақши ангуштонашро аз гӯшаки он телефон-автомати қариб бесоҳибмонда мегиред ё на.
  • Дар таҷрибаи кори хеш банда чунинашро ёд надорам.
  • Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи хешро дорад.
пешина
аз 441
навбатӣ