Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамааш аз шумо вобаста.
  • Фаҳмидам.
  • Агар шумо зид набошед, ман соате боз ин ҷо монам.
  • Ман рафтам, гуфт Самадов ва бо ман худоҳофизӣ намуд.
    То аз назар пинҳон шудани ӯ ман паҳлуи он аппарати телефон будам ва сипас ба қисми дарунтари кӯчаи «Озодии занон» қадам задам.
    Дар ҳақиқат кӯча камодам буд. Мусоҳиби ношиносам сокини ҳамин кӯча буд ё на, ман намедонистам, вале итминони комил доштам, ки ў дар ҳамин наздикиҳо зиндагӣ дорад.
    Нохост сарам чарх зад ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар самти муқобил, дар он тарафи роҳи калон хобгоҳи донишҷўёни донишкадаи педагогӣ буд.
    “Рафту он духтарак аз ҳамон хобгоҳ бошад-чӣ? - нидо омад аз қалбам. Ман ҳамоно ба қафо баргаштам ва баъди муддате аз паҳлуи он телефоне, ки баҳри мо нақши ангуштонеро ба ёдгор монда буд, гузошта ба тарафи роҳи калон ҳаракат намудам ва чун аз роҳ гузаштам, дар пеши бинои шуъбаи алоқа ҳамон гуна телефон-автоматро дидам. Дилам ором нашуду рафта гӯшакро бардоштам. Телефон коршоям буд ва ман аз он ҷо ба хона занг задам. Ҳанўз суханамро тамом накарда будам, ки ду дилдода дар навбат истоданд. «Рафту агар мусоҳиби ман дар хобгоҳ зиндагӣ мекард», ба гумон буд, ки ба самти дигари роҳ гузарад,”-аз дил гузаронидам ман ва гӯшакро ба ҷояш гузошта, аз он манзил дур шудам, то он ду дилдода сухани хешро беибо гўянд…
    Бархилофи ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ, ки марги шавҳарро аз рўи фаъолияти кориаш арзёбӣ мекард, мусоҳиби имрўзаи ман, ки ному насабашро зери ҳафт муҳр махфӣ нигоҳ доштан хост, ҳамсари қонунии маҳрумро дар марги шавҳар гумонбар буд. Ҳарчанд ў рўирост фикру андешаи хешро дар ин бора нагуфт, вале фаҳмидани мақсадаш ҳам чандон душвор набуд.
    «Шумо медонед,-ки худораҳматии Сафо аз ҳамсараш нияти ҷудо шудан дошт?» - дар гушам садо дод суханони соате пештар гуфтаи мусоҳиби ношинос.
    Маҳз ҳамин занги субҳгоҳӣ андешаҳои бандаро дар атрофи корҳои ҷустуҷӯӣ тағйир дода метавонист, агар …
пешина
аз 441
навбатӣ