Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Агар ба тафтишот ёрӣ додан хоҳед, хоҳиш мекунам ному насабатонро гўед.
-Ин ғайриимкон аст. - Чаро?
- Худатон бояд фаҳмед,-гӯён мусоҳибам бе ягон худоҳофизӣ гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Муддате ман лолу ҳайрон мондам ва агар гуд-гуди бардавоми дар гӯшак садодиҳанда намебуд, ҳатто ба болои аппарати телефон гузоштани онро аз ёд баровардам. Чун гӯшакро ба ҷояш гузоштам, аз рўи овоз симои муҳосиби хешро, ки ҳамагӣ як ё ду дақиқа пеш бе худоҳофизӣ гӯшакро ба ҷояш гузошт, ба ёд овардам. Ҳарчанд ман симои ўро надидам, вале аз рўи овозаш муайян кардан душор набуд, ки ў ниҳоят ҷавон аст. Аҷаб набуд, ки ў маъшуқаи Сафо Боқӣ набошад ва марги нобаҳангоми ошиқ пару боли ўро шикаста…
Ман ҳамоно ба шабакаи телефонии шаҳрӣ занг зада, дар бораи занги охирин ба рақами телефони хеш пурсон шудам.
-Аз телефон-автомати рақами 228 занг задаанд, - гуфт оператор. - Мавқеи ҷойгиршавии телефонро гуфта наметавонед?
- Кӯчаи «Озодии занон»
Чун дигар вақти истиҳола набуд, ман ҳамоно аз ҷой бархестам ва баъди биступанҷ дақиқа ҳамроҳи эксперткриминалист дар пеши телефонии автоматии рақами 228 қарор гирифтем… - Гумон доред, ки ҳамаи ин давутози мо ягон натиҷа медиҳад? - пурсид лейтенанти калони милиа Самадов.
-Намедонам. - Рафту ман дар ҷойи кор намебудам?
- Дар он сурат ман худам нақшҳои мондаи он духтаракро ба дактилокарта мегирифтам. Ҳарчанд чун шумо мутахассиси ин соҳа ҳам набошам, вале гумон мекунам, ки аз уҳдааш мебаромадам.
Соати 11 рўзи чоршанбе кӯча орому сокит буд. Аз он ба самти роҳи калон аҳён-аҳён роҳгузарон мегузаштанд. Касе ҳам нияти аз телефон-автомат ба куҷое занг задан надошт. Нафари ним соат пеш аз ҳамин телефон зангзада дар кори хеш усто будааст. Ин танҳо аз назари худи ў, чунки баъди бо хокаи махсус тоза кардани гӯшаки телефон Самадов хабар дод, ки нақши ангуштони дар гӯшак монда ниҳоят тозаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор