Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Бонози Даврон дар суҳбат бо ман иқрор шуд, ки ҳар он чӣ ки шавҳараш дар зиндагӣ ба даст овардааст, маҳсули ҳалоли дасти ўст ва дар ин бора баҳс ҳам қобили қабул набуд, вале сад афсўс ки худи ҳамсар дар зиндагӣ ҳамин нуқтаи назарро ба инобат нагирифта буд.
Бонози Даврон дар суҳбати сарироҳӣ бо муфаттиши прократура ва дар суҳбатҳои минбаъда бо ману Аҳмад Шарифов иқрор шуд, ки ҳамсараш соатҳои 15 рўзи 27 ноябр ўро огоҳ намудааст, ки ба Ҳисор меравад. Ҳарчанд ин факт тасдиқи хешро наёфт, вале назарияи наверо дар атрофии ин қазия бо номи «Рашк» рўи саҳна овард.
Аз эҳтимол дур набуд, ки Сафо Боқӣ ҳамсарашро сари субҳ ҳангоми ба кор рафтанаш дар ин бора огоҳ накарда бошад.
Агар чунин ҳам шуда бошад, ин тарафи масъала баҳри тафтишот то охир ҳамин хел норӯшан мемонд.
Ҳамчунин ба пиндори кунунии банда Сафо Боқӣ дар бораи ба Ҳисор рафтанаш метавонист нафари дигареро низ огоҳ созад то дар ҳаёти оилавии хеш як ваакумеро (мавзеи беҳавоӣ) рўи саҳна орад, то бад ин васила дӯстеро, ки чун гург муддатҳо дар ҷомаи меш буд, сари хиёнат дастгир намояд, ҳарчанд худи дўсташ ҳангоми суҳбат бо ман ҳамин тарафи масъаларо инкор кард. Дурусттараш ў ба саволи банда, ки оё дар бораи ба ноҳияи Ҳисор рафтани Сафо Боқӣ хабар дошт, посухи инкор дод.
Дар осмони тахайюлоти ман тираабре бо номи рамзии «рашк» боз падидор шуд ва ҳамоно садди роҳи нурҳои ҷонбахши хуршеди ховар гашт…
Заминиён аз яку якбора паси пардаи абр мондани офтоб ба таҳлука афтода, нигоҳи хешро ба сўи осмон дӯхтанд.
Ҳамин як пораи хурди абр дар Галактикаи бузург чун доғе болои матои сафед менамуд.
Шояд Хусрави Раҳим ҳангоми назора ба зиндагии шогирд ва хуршеди хонадонаш ғубореро рў ба рўйи ин Хуршед дид.
Чун худ марди поку намакпараст буд, фарзанди устодашро аз бозиҳои пасипардагии Хушнуди Замир дар чаҳорчўбаи ақлу фаросати инсони хушдор сохт…
Эҳтимол ў дар он лаҳзаҳо гумон намудааст, ки гурги дар ҷомаи меш буда нав нияти оҳубарраро ба даст овардан дорад, бехабар аз он ки оҳубарра худ кайҳо ҳамнишини гург гашта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор