Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

«Умри дурўғ кӯтоҳу дурўғгўи душмани худо!» - нидое бархост аз замирам…
Ҳарчанд ҳарфе сари ин масъала ба забон наовардам, вале қалбам дигарбора маро сари баҳс накашид. Бо ҳамин хомӯшии хеш ман ризояти хешро бо туғёни дилам ҳамоҳанг намудам…
Албатта, муфаттиш маро танҳо баҳри шиносоӣ бо номаи аз шабакаи телефонии омада ҷеғ назада буд ва агар чунин ҳам будӣ, ҳамин пораи лисон чун чароғи роҳнамо дар уқёнус дар фаъолияти минбаъдаи мо сари ин қазия роҳнамо гашт…
Баъди баҳсу мунозираҳои начандон тӯлонӣ дар атрофи номаи аз шабакаи телефонӣ шаҳр ба прокуратура ирсолшуда мо ба нақшаю чорабиниҳои корҳои ҷустуҷўӣӣ тағйироти куллӣ ворид намудем ва аз ҳамин лиҳоз самти «ҳуҷум» - ро аз рўи нақшаи нав тағйир додем.
Ҳарчанд мо нағз мефаҳмидем, ки муайян намудани шахсияти нафаре, ки баъди соати 1725 то 2153 – и рўзи 27 ноябр душворие ҳам надорад ва мо дар ин ҷода аз Хушнуд Замир гумонбар будем, вале бе факту далелҳои дақиқ пеш аз пода чанг андохтанро напазируфтем.
Ҳар як амали мо метавонист рафти тафтишотро аз маҷрои асосӣ фарсахҳо дур партояд, бинобар ин аз рўи нақшаи нави корӣ, ки онро Ҳамид Ҷовид бо имзои хеш тасдиқ намуда буд, мо дар ин самти асосии фронт ба ҳуҷуми «партизанӣ»
гузаштем. Дар ин ҷода прокурори ноҳия Аҳмад Шарифов ҳам моро дастгирӣ намуд.
Маҳз бо розигии сарназоратчии қонун воситаи алоқаи телефонии ҳарду тараф ба зери назорат гирифта шуд. Аз қафои Бонози Даврон бошад, назорати шабонарузии беруна гузоштем, ҳарчанд аъзои гурӯҳи назоратӣ аз ҳисоби ротаи посбонию пайроҳадорӣ буд, вале ба ин кор хизматичиёне ҷалб карда шуданд, ки таҷрибаи беш аз дусолаи корӣ доштанд ва мо итминони комил доштем, ки онҳо дар ҳама ҳолат аз рўи вазъи ба амал омада амал карда метавонанд.
То ҷое ки мо иттилоъ доштем, баъди ҷаноза Хушнуд Замир боре ҳам талоши бо Бонози Даврон вохўрӣ намуданро накарда буд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медод, ки андешаҳои мо дар атрофи ин ду тан чандон устувор ҳам нестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор