Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Хушнуди Замир?
- Ҳа худаш, он кас даъватнома ҳам дорад, - гуфт навбатдор.
- Майлаш ба ў рухсат диҳед, - гуфтам ман ва аввалин шуда мусоҳибам ба гуфтугў нуқта гузошт.
Шиносоии ман бо Хушнуд таърихи на беш аз дурўза дошт…
Рўзи якшанбе банда ҳамроҳи Бахтиёри Қурбоналӣ ба ҷанозаи Сафо Боқӣ рафта будем. Гўё замин кафидаву одам баромада буд, сӯзан партоӣ, ба замин намерасид.
«Мо дўстони хеле зиёд дорем ва ман наметавонам якеро аз дигаре паст ё боло гузорам»,- дар ҳамон лаҳза ба ёд овардам суханони рӯзи шанбе гуфтаи ҳамсари маҳрумро.
Дар байни мардуми ба видоъ омада ман шиноси давраи донишҷўиам Мустақимро дидам. Чун мо қариб ду сол якдигарро надида будем, аз ин вохўрии нобаҳангом каме дасту по хӯрдем. Маълум шуд, ки Мустақим масофаи чорсад километрро тай намуда, барои видоъ намудан ба дӯсташ Сафо Боқӣ омадааст. Муносибати онҳо дар кадом поя қарор дошт, ман нафаҳмидам, вале Мустақим на камтар аз шонздаҳ сол аз маҳрум калонтар буд. Ташрифи ў бандаро водор намуд, андеша намоям, ки Сафо Боқӣ дар ҳақиқат ҳам оини ҷавонмардиро доро будааст.
Чун то оғози ҷаноза боз вақт буд, мо се тан дар гӯшае истода, ба суханони Мустақим гӯш додем. Ў дар бораи марҳум бисёр суханони нек гуфта, дар омади гап афӯс бар он хӯрд, ки ҷавонмард аз дунё бенишон рафт…
Дар ҳамин гуфтугў будем, ки нафаре ба наздамон омад ва бо Мустақим гарм вохўрӣ намуд ва ҳарду ҳам ба хотири рўзҳои гузашта ашк рехтанд.
-Ин кас яке аз дӯстон. Дӯст гуфтан ин кам аст, яке аз бародарони қиёматии худораҳматии Сафо – Хушнуд, - ниҳоят худро ба даст гирифта гуфт Мустақим ва дӯсти дўсташро ба мо муаррифӣ намуд.
Хушнуд дар зоҳир ҷавонмарди накуе буд ва дастҳо пеши бар бо нимтаъзиме ба мо хайрбод гуфта, ба тарафи хона рафт…
«Муносибати мо дар корхона чун устоду шогирд буд, вале баъди кор мо акою уко мешудем. Ягон маъракаи хешро бе иштироки ҳамдигар намегузаронидем ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳамеша қадри нону намакдонро медонистем, ё ба таври дигар гўем, кӯрнамак набудем», - ин суханонро банда дирўз аз забони дӯсти хонадони Сафо Боқӣ – Хусрави Раҳим шунидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор