Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

кунем, вале чунин ақида хом буд, чунки мо гуфта наметавонистем, ки соҳибхона Бонози Даврон тайи ин муддат боре ҳам гарду чанги хонаро тоза накарда бошад.
Баъди гирифтани хулосаи ташхиси дактилоскопӣ нишондоди Ҳанифабону аз нигоҳи тафтишот соддалавҳона буд. Охир кадом одами солимақл шабу рўз поида меистад, ки дари хонаи ҳамсоя кай кушода мешаваду аз он кӣ бурун меояд ва ё вуруди он манзил мегардад.
Рўи саҳна омадани шахси сеюм таваҷҷуҳи бандаро ва аҷаб набуд, ки таваҷҷуҳи тамоми тафтишотро бедор накарда бошад. Акнун ки Сафо Боқӣ дигар дар қайди ҳаёт набуд, дар, озмуни тахайюлоти банда бе ягон бозии ҳаштяку чорякфиналӣ Бонози Даврон ва шахсе, ки то кунун илм ному насабашро на танҳо аз тамошобинон, балки аз ҳайати ҳакамон ҳам пинҳон медошт, бе ягон ҷаҳду талоши зиёдатӣ, бе ягон задухӯрд ба бозии финалӣ роҳхат гирифта буданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳар ду бозингар ҳам таваҷҷуҳи якхела доштанд ва кадоме аз ин ду тан ғолиби аслии озмун ҳисобида мешуд, баҳри онҳо фарқе надошт.
Ҳар ду нафари ба бозии финалӣ роҳхатгирифта шахсиятҳои арзанда буданд ва хулосабарори пешакӣ дар бораи онҳо аз рўи инсоф набуд.
Чун бозингари дуюмӣ ба финал баромада, то кунун ному насаби хешро дар зери грифи «махсусан махфӣ» нигоҳ медошт, дастаи ҳакамон дар атрофии номи Бонози Даврон, ки бо роҳхати боэътимоде ба бозии финалӣ баромада буд, сари баҳс қарор доштанд.
Номзад ба мақоми ғолиб дар озмун Бонози Даврон сарнавишти бою рангине дошт. Ў бистушашсола буда, ҳашт сол боз дар қайди никоҳ буд. Акнун ки нимаи дуюми вай бо зиндагӣ падруд гуфта буд, дар асоси қонун тамоми боигарии Сафо Боқӣ, ки қариб маблағи умумии ду миллион долларо ташкил медод, ба номаш мегузашт. Вале ин танҳо тарафи намоёни моҳ буд, ки тайи чор шабонарўзӣ охир баъди омўзиши зиёде дастаи ҳакамон хулосаи хешро пешниҳод намуда буданд.
Омўзиши тарафи ноаёни моҳ ё худ самти муқобили он то ҳанўз баҳри ҳайати ҳакамон норӯшан буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор