Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ба умеди зоғ шуда, аз раззоқ ҳам мондед?
-Раҳмат ба гузаштагонатон, худаш ҳам айнан чунин шуд.
-Ба фикрам, мо ба якборагии хайрухуш намекунем, - диктофонро ба ҷузвдони дар гӯшаи миз буда гузошта истода гуфтам ман.
-Ҳамааш ба шумо вобаста.
-Аз рўи ҳамин нишондодаатон мо протоколи пурсиши шоҳидро тайёр мекунем ва ҳангоми вохўрии навбатӣ шумо онро албатта хонда имзо мегузоред.
-Насиб.
-Пеш аз он ки бо шумо худоҳофизӣ намоям, мехостам боз як лаҳзае сари ҳамон андешаҳои шумо баргардам.
-Кадом андешаҳо?
-То ҷое ки банда фаҳмидам, назари шумо ба дӯсти Сафо Боқӣ, ки ўро ҳам нағз мешинохтаед. манфист.
-Гуфтам-ку, ман дар ин бора далели муътамаде дар даст надоштам ва ҳоло ҳам надорам. Ба ҳар ҳол ман дар ҳамон маҳфил нигоҳи Хушнудро хуш накардам.
-Нисбат ба кӣ?
-Нисбат ба ҳамсари Сафо. Мефаҳмед на ҳар дӯст оини ҷавонмардиро ҳифз мекунад.
-Шояд равшантар карда гап занед. Охир худатон шоҳид, ки банда кайҳо диктофонро хомӯш карда ба ҷузвдон гузоштам ва агар ман кӯшише ба харҷ диҳам ҳам, шумо метавонед суханони бандаро тасдиқ накунед.
“Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,”- гуфтани Хайёми бузургро ба ёд биёред. Чӣ тавр ман метавонам нисбати шахсе, ки танҳо аз нигоҳи банда характери манфӣ дорад, бадгўӣ намоям. Дар он сурат оқибати ин амали банда чӣ мешавад, рафту ман хато карда бошам.
- Рафту ҳақ ба ҷониби шумо бошад-чӣ?
-Дар он сурат Оллоҳ таъоло худ қозии барҳақ аст ва албатта, рўзе мешавад, ки хиёнаткор ҷазои хеш мегирад. Пеш аз он ки ба дари касе ангушт занӣ, андеша намо, вагарна рўзе расаду даратро ба мушт мекӯбанд. - Чӣ илоҷ, мо маҷбур мешавем, ки ба ҳаминаш ҳам қаноат намоем, - гуфтам ман ва ҷой бархестам.
-«Бисёр талаб накун, ба кам зор шавӣ»,- гуфтани мардони бохирадро ба ёд биёред, - гўён сармуҳосиб бандаро то пеши дар гусел намуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор