Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Не, ман дар ин бора далеле дар даст надорам, бе далел бошад, сухан қурбе надорад.
-Хоҳиш мекунам андешаҳои хешро бигўед, рафту бо мадади шумо мо роҳи ҳалли ин қазияро дарёбем.
-Гуфтам-ку, ман далеле дар даст надорам.
- Ё дореду гуфтан намехоҳед?
-Не, надорам.
-Вале дар ин бора андешаҳои хешро доред.
-Ман андешаҳои хешро ба Сафо гуфтам ва акнун афсўс мехӯрам.
-Кадом андешаҳоятонро.
-Ман ба ў гуфтам, ки дӯстӣ ҳам ҳадду канор дорад ва дўст ҳам дар кору зиндагӣ бояд ҳадди хешро нигоҳ дорад. - Аз ман ранҷид ва ҳатто дигар боре ҳам ба суроғам наомад, шояд барои аёдати шогирди падар вақташ камӣ кард, вале боре ҳам худаш аввалин шуда занг назад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман худам гоҳ-гоҳ ба ў занг мезадам, вале аз суханрониҳояш ҳис мекардам, ки ў аз занг задании ман хурсанд нест. Тайи ду моҳи охир ман дигар ўро надидам. Субҳи рўзи ҷумъа хабар ёфтам, ки Сафо дар кӯчаи Беҳзод ба ҳалокат расидааст. Албатта, марги ў барои ман як зарбаи калонест, тариқи ёру дӯстон ва шиносҳоям муайян намудам, ки ў дар ҳамон биное, ки дар зераш ҷасадашро ёфтанд, се-чор моҳ пеш як хонаи се ҳуҷрадор харида будааст…
-Тамом?
-Не, ман акнун сари мақсад меоям. Ба Абдурашид ана ҳамин қисми то кунун ба забон наовардаамро гуфта будам ва аминам, ки шумо маҳз баҳри аниқ намудани ҳамин қисми нақли банда омадаед.
-Бечунучаро худаш ҳам ҳамин хел аст.
-Имрўз чандум аст?
-Душанбе, якуми декабр, - ба саволи мусоҳибам посух дода гуфтам ман. - Рўзи панҷшанбе соати 19 ба даъвати яке аз аз дӯстон ба мавлуди писарбачааш ба тарабхонаи «Ором» рафтам ва расо соати 22 бо нафарони дар ин маърака иштирокдошта худоҳофизӣ намуда. ба тарафи роҳи калон, ба он ҷое, мошинамро гузошта будам, ҳаракат намудам, вале ҳамоно ба ёд овардам, ки сархуш ҳастам ва ба сари чанбараки мошин нишастан кори хуб нест. Аз ин рў, ба назди мӯйсафеди қаровул рафта, хоҳиш намудам, ки то фардо субҳ аробаи бандаро бе назорат намонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор