Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ба бурдбории шумо ман қоил.
  • Лойи хушк дар девор намечаспад.
  • Лойи хушк мегўед?
  • Бале.
  • Шояд худи мо дар ҳақиқат аз ҳадди ваколатҳоямон гузашта бошем, охир ҳар чӣ ҳам набошад, Бонози Даврон ҳамсафари ҳаётиашро гум намудааст.
  • Баҳс намекунам, вале агар ў аз ҳодисаи ба сараш омада дар шигифт мебуд, бояд бо тафтишот ҳамкорӣ мекард. Охир мақсади мо ба ҷуз дарёфти ҳақиқат дигар чизе нест. Ман намефаҳмам, ки чӣ тавр ҳамсар метавонад аз болои онҳое, ки қотилони шавҳарашро ҷустуҷў доранд, ба прокурор шикоят барад. Тайи солҳои дар милиса кор кардан зиёд ҳам набошад, ба қадри кифоя бо чунин ҳодисаҳо рў ба рў шудаем ва ҳамеша хешу табор ва ҳамсари фавтидашудагонро дар кушодани он ҷиноятҳои мудҳиш дар талош баҳри дарёфти ҳақиқат дидаем.
    Ин ҷо бошад, ба фикрам, худи ҳамин рўз ё шояд тайи ин ду шабонарўз мо дар куҷое аз беэҳтиётӣ пойи хонум Бонози Давронро зер намудаем. Афсўс ки мо худ инро то кунун намедонем, вале худи Боноз ба камингоҳи мо аз тӯп тир паронд, то дигар бо ў «шӯхӣ» накунем…
    Занги телефони дохилӣ садо доду муфаттиш аз гуфтани сухани навбати худдорӣ намуда, гӯшакро бардошт.
  • Агар капитани милиса Сорбони Ҳомид омада бошад, шеф шуморо интизор, - хабар дод котиба.
  • Сар шуд,-гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт Нӯшин.
  • Ором шавед.
  • Ором шав мегўед. «На хӯрда, на бурда, бигирад дарди гурда», гуфтанӣ мардум беҳуда набудааст.
  • Нигоҳдорандааш неку нигоҳ дошт, Вагарна сад қадаҳ нафтода бишкаст40.
    -Худованд аз марги муфоҷо, аз туҳмати ногаҳон ва аз ҳамсояи бад эмин дорад, - гўён Нўшин даст ба рўй бурда омин гуфт ва аз ҷой бархест.
    Мо ҳарду ба ошёнаи дуюм баромадем ва котиба бо ишораи сар ба мо фаҳмонд, ки бе малол ба назди шеф даровардан мумкин.

Шеър аз Боботоҳири Урён.

пешина
аз 441
навбатӣ