Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун дар муҳосира кам буд, ки мо боз дар оғӯши зӯлмот мондем, вале чӣ илоҷ ки замин сахт буду осмон баланд ва эътирози мо ба ҷое намерасид.
Дар рўшноии чароғи мошинҳои аз роҳи калон гузашта, ки тариқи тирезаи қисми навбатдорӣ чун дузд вориди бино шуда, лаҳзае пас гум мешуд, ман то пеши дари баромадгоҳ чанд қадам гузошта онро кушодам.
Аз зинаҳои пеши бино чароғҳои фурўзони биноҳои баландошёнаи тарафи дигари шаҳр бараъло намудор буданд, вале дар ин қисмате, ки бинои милиса ҷойгир буд ва маҳаллаи наздикии он ҳама ҷо дар зери тасарруфи шамол ва зулмот буд.
Дигар дар пеши бино истодан маъние надошт ва ман гиребони борониамро бардошта аз поймонакҳо ба поён фаромада дар оғӯши зулмот ба тарафи ғарб қадам задам…
Шамол ҳуштаккашону улосзанон шаҳрро ба зери тасарруфи хеш даровардан мехост. Аз суръати тези он баргҳои хазоншуда ва шохчаҳои хушкшудаи дарахтон тоб наоварда ба замин мерехтанд.
Дар рўшноии аҳён-аҳёни мошинҳои роҳгузар сояи дарахтон чун марди дузд, ки зери девори биноҳо пинҳон шудан мехоҳад ва шикастани шохҳои хушкшуда ҳаракати марди дузд ё худ ҷинояткори гурезаро дар болои бом ба ёд меовард.
Дар рўшноии чароғи мошинҳои роҳгузар суроби занеро дидам, ки нияти боз доштани мошинро дошт, вале …
Шояд суроби бандаро дар оғўши зулмат дида, мисли оне ки муҷассамаи ҳайбатро дида бошад, аз тарс ё кӣ медонад, бо кадомин як фикри дигаре аз райъаш баргашт ва ба ҳамон самте, ки банда ҳаракат доштам, қадам зад.
Дар кӯчаи торик садои қадаммонии ўро баръало мешунидам, вале баъди чанд сония ҳуҷуми навбатии шамол бандаро аз шунидани қадаммониҳои он кабки фирорӣ маҳрум сохт. Ман гумон кардам, ки сабаби ташвишҳои ў яккаву танҳо дар кўчаи торик монданаш аст. Маҳз аз ҳамин хотир ман худ дар суръати ҳаракатамро суст намудам, то оне ки дар ин шаби зулмот аз ман дар гурез аст, ба қавле ҷон ба саломат барад.
Ин хатои хешро банда хеле баъд фаҳмидам, вале дар он лаҳзаҳо ҳатто фикре ҳам ба ёдам наомад.
Шояд дар ин ҷо гуноҳи банда ҳам набошад. Охир милиса ҳам бошам, ман наметавонистам аз кадом як зани муштипаре, ки аз сояи хеш дар ин шаби тор тарсида буд, гумонбар шавам.

пешина
аз 441
навбатӣ