Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Қабулгоҳи прокурор гӯш мекунад.
-Салом, Луъбатхон
-Салом.
-Аз милиса Зоғов, мехостам фаҳмам, ки Абдулваҳҳоб Наботович ҳастанд?
- Шеф лаҳзае пеш аз прокуратураи генералӣ занг зада гуфт, ки то соати 1800 расида меоянд. Барои ҳамин ҳам ман роҳи онҳоро нигоҳ карда шиштам.
-Сари субҳ ман ба он кас занг зада, дар бораи гирифтани розигиашон барои ҳабси Ормон Файз пурсида будам. Шеф гуфтанд, ки бо айбдоршаванда бояд худашон суҳбат намоянд, дар идора бошад, мошин нест, намедонам чӣ кор кунам.
-Рафиқ Зоғов, тарзе гап мезанед, ки гӯё прокурор ман бошам.
-Ман медонам, ки пештар ҳар як сухани шуморо Абдулваҳҳоб Наботович мепазируфт ва аз ҳамин лиҳоз аз шумо Луъбатхонбону занг задам. Акнун дасти ману доманат...
-Рафиқ Зоғов, андешаи обро дар хушкӣ намудан беҳтар аст.
-Нафаҳмидам?
-То ҷое банда огоҳӣ дорам, як бегоҳ дар маҷлиси идораатон байни кормандони шумо ва прокуратура кадом як гурбаи сиёҳе гузаштааст, ё шумо хабар надоред?
-Ман ду рӯз пеш аз рухсатии меҳнатӣ баргаштам ва дар он маҷлиси гуфтаатон чӣ шудаасту чӣ не, хабар надорам.
-Ана барои ҳамин манро ба ин кор ҳамроҳ накунед.
-Чӣ илоҷ? Бало занад ҳамон гурбаи сиёҳро! - гӯён Зоғов гӯшакро ба ҷояш гузошт ва гӯшаки телефони дохилиро бардошта, навбатдорро огоҳ намуд, ки Ормон Файзро барои ба прокуратура бурдан омода созанд.
-Мошин нест, - хабар дод навбатдор.
-Ягон илоҷашро ёбед, вагарна соати 23 муҳлати боздошти Ормон Файз ба итмом мерасад ва он чӣ оқибате ба бор меорад, шумо аз ман беҳтар медонед.
-Шояд ба сардор занг занед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор