Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ба хотир оварда наметавонам, вале гумон мекунам дар он ҷо бадеият аз ҳадди аълояш ҳам гузаштааст.
- Шояд, вале гумон мекунам, ки дар ҳар як дурӯғе ҳам заррае ҳақиқат ҳаст.
- Дар ин ҷода эътироз намекунам.
-Рафиқ капитан, арзе дорам агар бипазиред.
-Бошад.
-Ман барои парвоз то Маскав ва аз он ҷо ба таври транзитӣ то Владивосток чипта дорам.
-Барои кадом рӯз?
-Барои соати 18-и ҳамин рӯз.
-Ба фикрам, сафаратонро каме ҳам бошад, ба таъхир андохтан лозим меояд.
-Набошад, чиптаро ба кассаи фурудгоҳ супориданам лозим мешавад.
-Ин тарафашро мо ба души хеш мегирем.
-Ба ҳаминаш ҳам раҳмат.
-Чиптаатон дар куҷо?
Карими Кабир аз ҷайбаш чиптаро бароварда, болои мизи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гузошт.
Сорбони Ҳомид баъди аз назар гузаронидани чипта тариқи телефони дохилӣ бо сарвари милиса занг зад.
-Гӯш мекунам.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар як ҷумла матлаби хешро байён намуда, гӯш ба қимор шуд.
-Баъди даҳ дақиқа шуморо интизор мешавам, - гуфт сардори милиса ва Сорбони Ҳомид гӯшакро болои телефон гузошт...
Зулайхои Валӣ дар роҳрави ошёнаи дуюм интизори
баромадани нафаре буд, ки соате пештар духтарамакаш ӯро
қотили падараш номид. Акнун ӯ фурсат ёфт, ки сари суханони
Кариму Бунафша андеша намояд. Бунафша дар ҳақиқат
ақлашро хӯрдааст, вагарна чӣ тавр метавон нафареро, ки бо
дастовез ба суроғи падарат омадааст, бо каломи зишт
“пешвоз” гирӣ. Бунафша шояд ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки Карим ба хотири ман шуда дубора пой бар остонаи хонаи амаки Исроил гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор