Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соате сипарӣ шуд, вале Зулайхо наомад ва ин амал барои Хуморов фоли нек набуд.
“Модоме ки ин зан наомад, пас ягон ҳодиса рух додаст,” - аз дил гузаронд Хуморов ва аз қаҳвахона баромад. Ҳарчанд абрҳои шабона пароканда шуда, нури офтоб болои шаҳр партавфишонӣ дошт, вале дили собиқ судя чун абрҳои сиёҳи пеш аз борон боқӣ монд...


Сорбони Ҳомид матлаби ба милиса ташриф овардани он ду “дилдода”-ро шунида, муддате ба андеша фурӯ рафт. Сипас аз ҷавонзан хоҳиш намуд, ки лар берун сабр намояд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ чанд коғази сафедро назди Карими Кабир гузошта, хоҳиш кард, ки ҳамаи ҳаракатҳои хешро баъди пой ба хоки диёр гузоштанаш, яъне аз соати 2020 дақиқаи рӯзи 22 октябр то субҳи 23 октябр рӯйи лисон оварад.
Мичман ҳамаи саргузашти оншабаи хешро бо майдатарин ҷузъиёташ пеши назар оварда, то ҳаде имкон дошт, чун ҳама гуна ёддошти таърихӣ болои лисон сабт карда, онро ба дасти Сорбони Ҳомид дод. Сипас ба ҳар як саволи корманди милиса посух навишта, дар маҷмуъ ба зери ҳар як посухи навиштааш имзо гузошта, дубора он саҳфаҳои “таърихи”- ро болои мизи кори корманди милиса гузошт.
-Дар нишондодатон овардаед, ки соати 2110 дақиқа аз манзили Исроил Фотеҳ баромадед. Мехостам чӣ тавр дар ёдатон мондани ҳамин ҳолатро шарҳ медодед?
-Охир ман ҳамаашро дар ҳамон ҷо навиштаам.
-Ва шумо таклифи соҳибхонаро барои чойнӯшӣ рад намуда, ба соати деворӣ нигаристед.
-Баръакс, ман дерии вақтро аз рӯйи соат ба вай нишон додам, то садди роҳи рафтанам нашавад ва чун эшон инсони бофаҳм будааст, дигар садди роҳам нашуд ва маро то пеши дарвоза гусел намуд.
-Оё симои он ду нафареро, ки дар тангкӯча дидед, ба ёд оварда метавонед?

пешина
аз 441
навбатӣ