Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рӯйи маълумоти Эрик Рура ҳар як нашъаҷаллоб минтақаи фаъолияти хешро дошт. Таҳлили хабарҳои гирифта милисаро водор месохт, ки дар атрофи нафаре, ки минтақаи вокзали Роҳи Оҳанро макони додугирифти фаъолияти ғайриқонунии хеш қарор додааст, таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намоянд. Маҳз ҳамин ҳолат дишаб мавриди муҳокима ва баррасии маҷлиси оперативии назди сардори ШКД ноҳияи Сарчашма қарор гирифт ва роҳбари милиса аз оғози субҳи рӯзи дигар ба оғози амалиёти “Мушқапак” рухсат дод. Дар ин бора гурӯҳҳои махсуси корӣ ташкил карда шуданд ва онҳо ба минтақаҳои алоҳида сафарбар карда шуданд Субҳи рӯзи 5 ноябр капитани милиса Сорбони Ҳомид ба пункти муҳофизати тартиботи ҷамъиятии вокзали Роҳи Оҳан омада, ҳамроҳи сарнозири минтақавӣ Мирзо Шокарим ва зердастонаш соати 10 15 дақиқа ба саҳни вокзал баромаданд.
Вокзалро, ки аслан дарвозаи шаҳр ҳам мегӯянд, бозорро мемонд, чунки қатораи мусофирбар омодаи сафар буд ва пас аз ним соат қатора бо сайрхати Душанбе-Астрахан ба роҳ баромад ва пас аз чанд дақиқа нафарони дар перон буда низ пароканда шуданд, вале ба қавле бозор ба мазор табдил наёфт.
Мардумони зиёде дар саҳн ва дохили бино дар ҳаракат буданд ва рафтори онҳо ҳаракати мурчагонро мемонд, ки ҳама дар талоши зиндагӣ дар даву тоз буданд. Яке меомаду дигаре мерафт ва баръакс...
Дар муддати як соат ӯ тамоми дохили бино ва саҳни вокзалро мавриди назар қарор дод, вале ягон нишонае аз интиқолдиҳандагони маводи мухаддир надид. Ба назар чунин менамуд, ки касе дар дарвозаи шаҳр бархилофи қонун пой ниҳоданӣ нест ва ҳамаи хабарҳои “Весовшик” дурӯғи маҳзанд.
Ниҳоят капитани милиса ба пеши бинои вокзал омад ва дар яке аз курсиҳои пеши бино нишаста чашм ба атроф дӯхт...
Дар масофаи на беш аз сад метр нафаре бо либосҳои сиёҳи ҳарбӣ ба тарафи ӯ меомад.

пешина
аз 441
навбатӣ