Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар он лаҳзаҳо намедонам чӣ кор мекардам.
-Дар он лаҳзаҳо ба самти омадаи тир назора намуда, мерганро меҷӯӣ ва баҳри дастгир намудани вай чора меандешидӣ. Чун ӯ яроқнок аст, албатта, худро ба осонӣ таслими шумо намекард ва маҷбур мешавед, ки ба сӯяш тир холӣ карда, ӯро захмӣ намоед. Аз рӯйи оинномаи идораатон барои тафтишот шоҳиди зинда лозим, то сирру асрори ба чунин амал даст заданашро фаҳманд, ки дар паси ҳамаи ин амалиёти ҷинояткорона кӣ истодааст ва ана ҳамонҳое, ки ӯро ба ин кор ҷалб намудаву аз ошкор шудани симои хеш метарсанд, аз худат дар ин кор ёриеро интизоранд, то ки он сайёди дар ду ҷабҳа фаъолият дошта ба тамом хомӯш шавад.
-Рафту милиса ба тарафи мерган тир напаронад-чӣ?
-Дар он сурат тир парондани худат ҳам лозим намешавад.
Дар ёд дошта бош, ки худат танҳо баъди таъқиби ӯ ва тирпаронии милисаҳо вайро ба нишон мегирӣ!
-Канӣ кафолат, ки онҳо маро низ...
-Ин фикрро аз сарат дур кун, чунки баробари ёфтани ҷасади мерган милиса худ гумон мекунад, ки ӯ аз тири онҳо ба ҳалокат расидааст ва тамоми риштаҳои пайвастшуда аз ду самт канда мешавад ва боқӣ ҳамааш аз худат вобаста ва ана ҳамин ҳолатро таваккал меноманд.
Шунавандаи ин ҳикояти ҳазин лаҳзае ба андеша рафт.
Дили ӯ аз аҳволи хеш дида, ба ҳоли “мири шаҳр” бештару бештар сӯхт. То кунун гумон дошт, ки мусоҳиби кунуниаш шахси аноӣ нест ва беҳуда ӯ сазовори чунин номи баланд нагаштааст, вале ҳамааш чун номи калону шаҳри вайрон шуд, ва ҳамааш аз назарфиребие беш набудааст. “Бубин, дар ин нисфи шаби моҳи охири тирамоҳ, ки хеле ҳам хунук аст ва соҳиби хуб сагашро аз дарвозаи хонааш берун намекунад, синдикат мардеро, ки тамоми аъзоён аз шунидани номаш метарсанд, аз пайи иҷрои амале фиристодааст. Албатта, ман метавонам сухани нафареро, ки то кунун аз шунидани номаш вуҷуди ҳар шунавандаро тарсу ҳарос фаро мегирифт, рад намоям, вале аз эҳтимол дур нест, ки ин Худозада, аз болоям

пешина
аз 441
навбатӣ