Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мусоҳибаш ҳатто нафаҳмид, ки нафари ба талаби кор омада аз ин “муъҷизаи” табиат бори аввал истифода бурд...
Ниҳоят Платон ҳам омад ва “Кирпич” онҳоро бо ҳам шинос намуд ва гуфт, ки Федя (Фарҳод) бо тавсияномаи “Бик” омадааст.
-Сухани ҷанобашонро (Бик дар назар аст) шикастан ғайриимкон аст,- гуфт Платон.
-Ана барои ҳамин то оғози корҳои мавсимӣ Федяро ба зери ҳимояи хеш гиред!
Фарҳод фаҳмид, ки сартарош дар ин бозори шаҳри калон чӣ мақому манзалатеро дорост ва албатта, барои ҳамдиёри ӯ Зоҳир ҳам шиносоӣ бо чунин афрод ба осонӣ ба даст наомадааст.
Фарҳод бо дастгирию роҳнамоии Платон дар вокзали “Қазон” ба интиқоли маводи мухаддир оғоз намуд. Бахше, ки Платон сарвариашро ба душ дошт, ба ҷуз интиқоли маводи мухаддир боз ба кисабурӣ ҳам сару кор дошт ва Фарҳод дар як муддати кӯтоҳ аз Платон нозукиҳои ин ду касбро аз худ намуд. Ба ҷуз вокзал онҳо Черкисбозорро ҳам ба зери “ҳимояи” хеш гирифта буданд ва амалиёти охиринро низ дар Маскав ӯ дар ҳамин бозор ба анҷом расонид ва чун “Кирпич” фаҳмид, ки боздошти вай аз рӯйи ин амалиёт ногузир аст, бо амри хеш ӯро ба рухсатии хизматии дарозмуддат ба Ватанаш фиристод.


-Привет.
-Гутентаг.
-Бекор мондем, дасти мову доманат.
-Фарҳод, бародари азиз, мехоҳам дастат бигирам, вале ягон имконият надорам.
-Наход ягон илоҷаш набошад. Ҳамаи умедамон ба худат.
Рафту агар дастамон нагирӣ, ҳамаи клиентҳо аз мо рӯй мегардонанд ва каппаамон месӯзад.
-Харидор бисёр аст?
-Дар байни ду-се рӯз ҳамаашро обу лой кардан мумкин.

пешина
аз 441
навбатӣ