Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

“Кирпич” мӯйи сари мизоҷонро паст карда истода, ҳамзамон аз оина , ки дар рӯ ба рӯй дар гузошта шуда буд, ба чеҳраи ҳар як нафари ба сартарошхона ворид шуда назар мекард.
Ҳарчанд дар толор панҷ усто дар хизмати мизоҷон қарор доштанд, Фарҳод дар як нигоҳ аз рӯйи нишонаҳои зоҳирие, ки “Бик” гуфта буд, “Кирпич” – ро шинохт ва ба курсие нишаста омадани навбати хешро интизор шуд. “Кирпич” марди тахминан сиюпанҷ-чилсола буда, дар тарафи чапи бари рӯяш захми калоне ба андозаи се-чор сантиметр дида мешуд, ки он симои ҷавонмардро хеле коҳонида буд. Маҳз аз рӯйи ҳамин нишона “Кирпич”- ро дар вокзали “Қазон,” ки баъзан саг соҳибашро намеёфт, ёфтан мумкин буд, вале онҳое ки бо тавсияномаи ёру дӯстонашон меомаданд, ҳатман ба сартарошхона даромада, чун мизоҷ ба курсӣ менишастанд ва ҳангоми кори усто худро муарриӣ мекарданд. Сартарош тайи ин муддат ба симои нафаре, ки барои ба назди вай омадан навбат гирифта буд, чанд маротиба дар оина назар кард ва дар симои эшон корафтодаи навбатиро дид. Аслан “Кирпич” ба ҷуз сартарошӣ боз ба ким-кадом корҳо машғул буд, Фарҳод намедонист, вале аз он ки Зоҳир ӯро маҳз ба назди ҳамин сартарош фиристода буд, ӯ ба хулосае омад, ки “Кирпич” дар ин вокзали бонуфуз мақому мартабаеро соҳиб аст. Ниҳоят мизоҷи дар назди “Кирпич” буда аз ҷой бархест ва ӯ ҷойи вайро соҳиб шуд. Сартарош матлаби ӯро шунида, шона ба даст гирифт ва мӯйи сари вайро як маротиба ба тарафи чап ва дигарбора ба тарафи рост шона зад ва чун қайчӣ ба даст гирифт, Фарҳод саломи “Бик”- ро ба ӯ расонд.
-Чанд вақт боз ӯро надидаам, - гуфт “Кирпич” ва мақсади асосии мизоҷро пурсон шуд.
Фарҳод сабаби ба назди эшон омаданашро гуфта дод.
-Ягон илоҷашро меёбем, - гуфт “Кирпич” ва ӯро ҳушдор сохт, ки соати 1650дақиқа дар саҳни вокзал ӯро интизор шавад.
Дар вақти таъиншуда ӯ ба ҷой вохӯрӣ омад ва пас аз панҷ-шаш дақиқа “Кирпич” ҳам омад.
-Рафтем,-гуфт “Кирпич” ва онҳо ҳарду ба тарафи бинои асосии вокзали “Қазон” ҳаракат намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо