Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

тасодуфан арзёбӣ намуд, вале он борони тире, ки аз қафои ун немиси бечора шуд, худ шаҳодатгари он аст, ки милисаҳо моро интизор буданд. Немис ҳам бало чунон думро хода кард, ки ақли кас намегирад. Ҳалолаш бод! Гумон кардам, ки агар сад ҷон ҳам дошта бошад, баъди он селаи тирҳо ҷон ба саломат нахоҳад бурд, вале рост гуфтаанд, ки набурад рагеро нахоҳад Худо. Аҳли тақво ҳам бошем, баъзан ҳамин ҳолатҳоро ба назар намегирем. Рафту агар ман ҳам мегурехтам, эҳтимол чун Эрик ҷон ба саломат мебурдам.
Немис ҳам бало. Мегӯянд, ки ҷав киштӣ, интизори гандум машав. Бубин, раис бо гурӯҳи бачаҳои Бадахшон чӣ кард?
Онҳоро ба дасти милиса супурд ва акнун азобашро мо мекашем. Ҳарчанд банда ҳам кӯшидам ҳама гуноҳро ба души хеш гирам, вале дида истодаам, ки касе ба суханҳоям боварӣ надорад. Эҳтимол милисаҳо аллакай дар зери коса будани нимкосаро дарк намуданд ва Худо накарда Григорий Хуррамович ба даст афтад. Агар чунин шавад, дигар касе бандаро дар рафти тафтишот даст гирифта наметавонад ва аз ин бадтараш боз он аст, ки Григорий Хуррамович ба зиндон афтидани хешро аз ман мебинад. Мегӯянд, ки шутур гуноҳи ҳамаро мебинаду каҷии худашро не ва чун раис зиндонӣ шавад, намегӯяд, ки ин киштаи худам аст, чунки бачаҳои бадахширо фурӯхтам то бозори муомилоти хешро нигоҳ дорам ва акнун ба умеди зоғ шуда, аз раззоқ ҳам мондем. Раис ҳамеша бандаро бовар мекунонид, ки прокурори ноҳия пушту паноҳамон аст ва агар ӯ пушту паноҳамон бошад, пас чаро чорае намеандешад? Ё гирем он милисаи дурӯяро. Чаро ун порагири Худозада моро аз мақсадҳои “нопоки” ҳампешагони хеш огоҳ накард? Чаро?
Сари ҳамин андешаҳо хоб ғалаба кард ва Ормон Файз чашмонашро пӯшид...
Соате пеш аз оғози рӯзи нав гурӯҳи Сафаров ба идора баргашта, аз натиҷаи кори хеш ба сардори ООП (бахши нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ) гузориш доданд.
Қамариддин Сафаров дигар майли ба хона рафтан накарда, ба дафтари кориаш баромада, бистари дар болои сейф бударо болои мизи кориаш густурда дароз кашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо