Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Бубин, ман Фарҳодро ба ту бахшидам, биё инашро ба ман деҳ ва ҳисоб баробар.
-Колаи бад ба соҳибаш насиб кунад. Агар писархолаат ба худат маъқул бошад, гир, ӯро бар ту бахшидам, вале ба ин кас кордор нашав.
-Ин ҷавон ба ман маъқул, биё аз баҳраш гузар.
-Медонӣ ин касро ман бо чӣ нархе ба даст овардаам?
-Бо чӣ нарх?
-Бо нархи ҷон.
-Чӣ хел?
-Ин кас қотили амакам.
-Ва ту шарм накарда...
-Душмани ҷонисту аз ҷон дӯсттар дорам варо.29
-Милиса медонад, ки ӯ қотили амакат ҳаст?
-Онҳо ӯро дар қатли амакам гумонбаранд.
-Шояд ӯро ба милиса супорӣ?
-Не, ту чиҳо гуфта истодаӣ, Суман? Ман ӯро на ба милиса медиҳаму на ба худат.
- Чаро?
-Чунки хунбаҳои амакамро аз ӯ меситонам.
-Бо чӣ?
-Бо бӯса.
-Бовар намекунам.
-Пас бубин, - гӯён ӯ ҷавонро, ки аз онҳо даҳ бист қадам дуртар меистод, ово намуд: - Карим!
-Туро гӯш мекунам ҷонам.
-Маро ба оғӯш гир!
-Итоат, Маликаи ман! - гӯён Карим Зулайхоро ба оғӯш гирифт.
-Ин чӣ бешармие? - гуфт Суман ва рӯяшро ба дигар тараф гардонд.
-Маро сар деҳ, гуфтам маро сар деҳ! - илтиҷо намуд духтар, вале баръакси сухани аз забон бурун овардааш дастонашро дар гардани ҷавон ҳалқа намуда, ӯро ба оғӯш мекашид.
Ишора ба сухани Б.Ҳилолӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо