Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шин, - амр кард Хуморов.
Подполковники милиса чун хонандаи мактаби миёна пеши муаллим нишаст.
-Аз воқеаҳои рухдода хабар доред?
-Ҳамин субҳ хабар ёфтам.
-Чаро пештар хабар наёфтед?
-Худи сардори раёсат ҳам аз ин ҳодиса сари субҳ баъди шиносоӣ бо телефонограммаҳо огоҳ шудааст.
-Да не ври.
-Бовар намоед, Григорий Хуррамович, кор айнан чунин рух додааст.
-Оё синдикат ба ту ландаҳур барои ситораҳои сари китфонат пул медиҳад ва агар худи синдикат намешуд, ту аз капитани милиса боло намерафтӣ, пас чаро аз амалиёти ба нақшагирифтаи ҳамкоронат огоҳ нашудӣ?
Подполковники милиса сар ба зер афканд, ӯ ҳатто маҷоли сухан гуфтан надошт.
-Дар шаш моҳ аз ҳисоби синдикат ҳамон қадар “маош” гирифтӣ, ки дар даҳ сол аз милиса намегирӣ, ношуд! ё гапам нодуруст?
-Гапатон рост, раис.
-Модоме ки рост бошад, чаро ту хабар наёфтӣ?
-Чӣ хеле гуфтам, кор дар ШКД-и ноҳияи Сарчашма шудагӣ.
-Дар асоси нақшаи пешакӣ ё тасодуфан?
-Инашро намедонам.
-Чаро дар милисаи ноҳияи Сарчашма одами бовариноки хешро надорӣ?
-Охир кӣ медонист, ки кор чунин ранг мегирад.
-Подполковник шуда ҳамин чизи одиро нафаҳмидӣ, садқаи чунин унвон шавӣ. Аслан аз ту чӣ ҷой гила ё гумон дорӣ, ки худат ба чунин унвон соҳиб шудӣ?
-Не, албатта, ҳамааш бо ёрии шумо шуд.
-Магар мо барои ҳамин рӯз туро ба чунин унвон “сарфароз” гардонидем?

пешина
аз 441
навбатӣ