Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Охир мардуми роҳгузар аз куҷо медонанд, ки милиса ӯро ҷустуҷӯ дорад, - шунид ӯ садои қалби хеш. -Дуруст, вале агар онҳо ба суханони ман бовар намуда дар ин бора тариқи телевизион ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, аз худи халқ ёрӣ мепурсиданд, кайҳо ин масъала ҳалли хешро ёфта буд ва чун маллоҳ гуноҳе надорад, ӯ худаш давон-давон ба милиса рафта, бегуноҳии хешро собит мекард.
-Эй кош ман худам ӯро вомехурдам.
-О, дирӯз дар бораи Фарҳод андеша мерондӣ, имрӯз бошад, пушту паноҳи кадом як маллоҳе, ки қариб дар борааш ягон маълумот надорӣ, шудан мехоҳӣ?
-Худам ҳам намедонам ба ман чӣ шуда бошад, ҳарчанд милиса дар қатли акои Исроил аз ҳамон маллоҳи гуфаатон домангир аст, вале ҳеҷ боварам намеояд, ки Карим дар чунин як амали нангин даст дошта бошад. Ин хатои милиса аст, ки аз нафари бегуноҳе домонгир шуданд, охир маоши якмоҳаи маллоҳ аз нафақаи дусолаи акои Исроил бештар аст, наход милиса ҳамин ҳолатро сарфи назар намояд. Чаро милисаҳо аз Карим домангиранд ва дар ин бора ба ман гуфтанд. Чаро?
Магӯ афсонаи Маҷнун,чу ман дар анҷуман бошам, Аз ӯ боре чаро гӯяд касе, ҷое, ки ман бошам.
Касе афсонаи дарди маро ҷуз ман намедонад,
27 Аз он доим мани девона бо худ дар сухан бошам.
Дар он лаҳзаи вохӯрӣ дар пеши фурудгоҳи Домодедово ман худам дасту по хӯрдам. О, агар ба ҷойи корам занг зада рухсат гирифта, соате бо вай мемондам, осмон ба замин омада намерасид. Русҳо дар ин бора монеае эҷод намекарданд. Дар он лаҳза ҳамааш айби худам шуд.
- Дар он лаҳзаҳо маллоҳ ҳам даступо хӯрда буд ва қариб буд, ки номатро ҳам напурсад.
-Намедонам чӣ шуд, ки дар он лаҳзаҳо мо ҳарду дар як вазъ қарор доштем.
-Баҳс намекунам.
Шеър аз Б.Ҳилолӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо