Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Охир худат шоҳид, ки мӯйсафед маро шинохт ё ӯро ба гуфтушунид даъват мекардам?
  • О, ту дар рӯят ниқоб доштӣ, пас чӣ тавр мӯйсафед худатро шинохт?
    -Ӯ маро аз овозам шинохт, вақте ки ту дар хона пулҳоро ҷустуҷӯ доштӣ ва ман “муҳофизати” вайро ба душ гирифта будам.
    -Муҳофизаташро ба душ гирифта, сипас ба синааш кордро халондӣ, ҳа?
    -Хайр кор ҳамин хел шуд, насибаш ҳамин будааст.
    -Насибаш, насибаш гуфта мешинӣ, о туро ба Хуҷанд фиристодам, ки нохост пеши ҳақу ҳамсояҳо худро бой надиҳӣ, рафту ягон рӯз милиса туро ҷеғ занад.
    -Ҷеғ заданд, ҷеғ задан гиранд, ман мех барин устувор, ака.
    -Метарсам, ки мех гуфта, назди милисаҳо чун хамир мулоим нашавӣ.
    -Эй биёед, монед ин гапҳоро.
    -Хайр, ман огоҳат намудам, боз нашавад, ки...
    -Парво накунед, ака. Акнун мегуфтед, ки ба ман пул медиҳед ё не?
    -Чӣ хеле гуфтам, ҳоло бозорамон касод. Ду-се рӯз сабр намо!
    -Майлаш ду-се рӯз бошад, тоқат мекунам ва ин даъфа ба Русия меравам.
    -Беҳтараш дар хона шин, дар кӯча ялоқ-ялоқ гаштанат хуб не ва мегуфтӣ, ки кордро дар куҷо мондӣ?
    -Дар хона.
    -Ту чӣ девона шудӣ, оё намефаҳмӣ, ки агар корд ба дасти милиса афтад, ҳоламон чӣ мешавад?
    -Намеафтад, ман онро дар ҷое пинҳон намудаам, ки ба ҷуз худам касе онро наёбад.
    -Хайр аз хона набаро, ҳоло дар ҳама ҷо облава.
    -Дирӯз қаплоната25 дидам.
    -Худам ҳам ду-се маротиба аз дур ӯро дидам.

Қаплон – маъшуқа (лаҳҷа).

пешина
аз 441
навбатӣ