Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

муқобили давлати болшевикон фиристода буд. Ниҳоят бобояш, ки дар ҳайати армияи 6-уми немисҳо таҳти фармондеҳии фелдмаршал Паулюс хизмат мекард, 2 феврали соли 1943 дар Сталинград асир афтод.
Сипас ӯ дар ободонии шаҳрҳои дар ҷанг харобгардида иштирок намуда, бо Анастасия Феофановна ном духтари рус хонадор шуд, ки аз онҳо ду фарзанд ба дунё омад. Падари Эрик меъмори сохтмон буд ва дар ободии диёр басо саҳми беандоза гузошт, вале марги бармаҳал ӯро аз ёру дӯстон ҷисман ҷудо кард. Сарпарасти ӯ ва хоҳараш Авваро модараш, ки муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус буд, ба душ гирифт.
Модар ба Эрик ва Авва ҳамеша таъкид мекард, ки нағз хонанд, чунки онҳо ворисони ду ситораи тобони адабиёти ҷаҳон Гёте ва Пушкин ҳастанд, вале бадгӯёне низ чун ҳамон муаллимаи бе фарҳанг бо ба забон овардани калимаи “фашист” борҳо қалби ӯро шикастанд. Он чӣ ки Эрик дар ҷавонӣ ба маҳбас афтод, ин айби худаш шуд, чунки дӯстони номуносиб ёфт ва ба суханони модар гӯш накард...
-Эрик, гап зан, чаро хомӯшӣ?- пурсид Дастам Қосим.
-Ҳамин хел як воқеаи давраи мактабхониам ба ёдам омад.
-Ҳамаи умедамон ба шумо ва бояд амалиётро тарзе анҷом диҳем, ки касе аз худат гумонбар нашавад. Барои ҳамин боз як бори дигар қадам ба қадаматро ба ҳисоб гир. Маҳз як хатои ночиз метавонад, ҳамаро бар бод диҳад. Канӣ, акнун такрор намо...
Рура дар асоси нақшаи тарҳрезишуда ҳаракатҳои хешро такрор кард. Аслан бе ин ҳам ӯ чӣ кор карданашро медонист, вале сардори милиса суханони сарлашкари бузурги рус Суворовро “тяжело в учении, легко в бою”- ро бори дигар ба хотираш овард.
Чун Эрик аз имтиҳони назарявӣ гузашт, сарвари милиса гуфт:
-Ана акнун ин куртаро пӯшида бинед!
-Ин чӣ, туҳфа?
-Ҳар чӣ пиндоред, вале дониста бошед, ки дар яке аз тугмаҳои он асбобе ҷо карда шудааст, ки тариқи он мо самти ҳаракати шуморо муайян карда метавонем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо