Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Вақте ки ман ба ин ҷо омадам, дарвозаи ҳамсоя кушода буд, барои ҳамин аз аҳволаш хабар гирем гуфтам.
-Чӣ илоҷ, модоме худат чунин меҳисобӣ, - ва зану шавҳар ҳар ду ба тарафи тангкӯча ҳаракат намуданд.
Дарвоза то ҳанӯз нимкушода буд.
-Магар дар ҳамин бевақтӣ даромадан шарт аст?
-Маълум, ки мӯйсафед ҳанӯз нахуфта аст, вагарна дарвозаро кушода намемонд, - гуфт Шутов ва тугмачаи болои дарро зер кард.
Ҳама ҷо сокит буд, ҳарчанд садои пай дар пайи зангулаи пушти дарвоза хомӯшии шабро ба тамом халалдор намуд. Не, касе аз ҳавлӣ ба истиқболи онҳо набаромад ва дар интиҳо зану шавҳар дилу бедилон пойи ба остонаи ҳавлии ҳамсоя гузоштанд.
Исроил Фотеҳ дар пеши дари хона парӯ афтода буд.
-Ваҳ ман мурам, худаш чӣ гап?
-Кӣ медонад? –гуфт Сергей Александрович ва хам шуда нияти санҷидани набзи ҳамсояро намуд ва лаҳзае пас дасти ҳамсояро сар дода, ҳамсаррашро бовар кунониданӣ шуд, ки ҳамсоя дигар ба ёрии тиббӣ ниёз надорад. Акнун ба милиса занг заданамон лозим, - гуфт Шутов ва аз нимаи дуюми хеш хоҳиш намуд, ки рафта ба милиса занг занад.
-Не, ман туро танҳо монда рафта наметавонам. Рафту онҳо баргарданд-чӣ?
-Ту чиҳо гуфта истодаӣ, рафта ба милиса занг зан. Онҳо бошанд, дигар барнамегарданд, чунки аллакай думро хода карда гурехтанд ва ҳар қадар мо ин ҷо баҳс кунем, ҳамон қадар ёфтани онҳо душвортар мешавад.
Татяна Давидовна дигар каломе ба забон наоварда, ба тарафи дарвоза рафт...
Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ШКД ноҳияи Сарчашма бо
сарварии муфаттиши прокуратура машваратчии адлияи
дараҷаи сеюм Соҳиб Хол соати 2305дақиқа ба ҷойи ҳодиса
омад. Азназаргузаронии ҷой ҳодиса то соати 0110дақиқаи рӯзи 23 октябр давом кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё