Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ташаккур, амак, боз ягон бори дигар.
Мӯйсафед ӯро то пеши дарвоза гусел кард ва барояш шаби хуш орзу намуд.
Вақте ки аз тангкӯча рӯйи роҳи калон баромад, ду нафар ҷавони қоматбаланд аз паҳлуяш гузашта, ба тарафи ҳамон тангкӯча тоб хӯрда, аз назар нопадид шуданд.
Мичман шабро дар меҳмонхона гузаронида, субҳи барвақт боз ба роҳ баромад...
Сергей Александрович Шутов аз рӯйи одат соати бисту ду аз хона баромада, ба тарафи истгоҳ рафт. Ӯ аз шафати хонаи ҳамсояаш Исроил Фотеҳ гузашта истода, дарвозаро нимкушода дид. “Чаро ҳамсоя дарвозаашро маҳкам накарда бошад?” - аз дил гузаронд ӯ ва хост даромада аз аҳволи ҳамсоя хабар гирад. “Татяна Давидовнаро пешвоз гирам, баъд ҳарду якҷоя даромада, ҳамсояро хабар мегирем,” - аз дил гузаронд вай ва роҳашро давом дод...
Сергей Александрович дар истгоҳ хеле интизор шуд ва қариб тобу тавонро аз даст дода, аз роҳгузаре вақтро пурсид.
-Соат бисту дуву бисту панҷ дақиқа, - гуфт он мард ва роҳашро давом дода рафт. Лаҳзае пас автобус ҳам омад...
-Чаро дер омадед?
-Чаро? Чаро? Гӯё худат намедонӣ, ин бесарусомонии нақлиёти шаҳриро.
-Хайр, биё рафтем
-Биё, беҳтараш бо роҳи рост равем, тангкӯча беҳад торик.
-Чӣ хеле ҳам набошад, бо ҳамин роҳ рафтан лозим меояд.
-Чаро?
-Ҳангоми ба ин ҷо омаданам, дарвозаи Исроил Фотеҳро кушода дидам. Гуфтам даромада аз аҳволи ҳамсоя хабар гирам, вале ту интизор нашавӣ гуфта рост ба ин ҷо омадам.
Ба ҳар ҳол сари қадам мӯйсафедро даромада бинем-чӣ?
-Дар ин нисфи шаб?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё