Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тайи ду шабонарӯз, аниқтараш бистуҳафт ё бистуҳашт соати баъди ба ҷои ҳодиса рафтан, бандаро як масъала ором намегузошт, ки намегузошт. Чун то ҳанӯз мо намедонистем, ки қасд ба ҷони кӣ равона шуда буд. То муайян намудани ҳамин масъала ба гумон буд пешравиеро дар кор интизор шудан. Аз рӯи маълумотҳои то ба ҳамин лаҳза ба даст омада ҳамсари Матлубаи Гурез-тоҷири сивудусола Қиёми Абдулхайр ҳамагӣ бист соат пеш аз сар задани ҳодиса тариқи тайёра азми сафари Бишкек намуда буд.
Мисли оне, ки ҳангоми аз беэҳтиётӣ ба ноқилҳои барқӣ даст мерасонӣ, ногоҳ вуҷудам ларзид.
“Ист!” нидо омад аз қалбам.
“Ҳамагӣ бист соат пеш ҳамсари Матлубаи Гурез тавассути тайёра ба Бишкек рафта,” қаламро болои лисон бурда навиштам ман.
“-Ҳоло шавҳаратон дар куҷост?
-Субҳи дирӯз ӯ ба Бишкек рафт.
-Рафт ё бояд мерафт?
-Рафт. Ман худам ӯро дар фурӯдгоҳ гусел намудам,”- ба ёд овардам муколамаи дирӯзаи Нӯшини Азиз ва Матлубаи Гурезро.
Аз нигоҳи ҳамсар Қиёми Абулхайр дар ҳақиқат ба Бишкек парвоз намуда буд, аз нигоҳи ҳамсар, вагарна ӯ ҳаргиз ҳамсояро ба болини хобаш роҳ намедод. Хулқи бад балои ҷон...
“-Вохӯриҳоятон аслан дар куҷо мегузашт?
-Дар хонаи мо, ин ҳам дар ҳолатҳое рух медод, ки шавҳарам аз пайи корҳои бозаргониаш мерафт ва ё дар хориҷи кишвар буд...” Ба ростӣ, ҳатто аз ба ёд овардани ҳамин қисми муколамаи дирӯзаи муфаттиши прокуратура ва Матлубаи Гурез мӯйи баданам чун нештар рост шуд...
“Айни муддао,”- зери лаб ғунгос задам ман ва бо овози шунаво гуфтам: - Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ махалак, охир ба дастӣ малахак.
Дар куҷое хонда будам, ки инсон ҳангоми як дуздии миёна он қадар килокалория сарф мекунад, ки онро тайи се моҳи меҳнати ҳалол сарф мекунад. Мардумони аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифта гуфтаанд; “Дуздию ғарӣ дар паси саргини хар.” Матлубаи Гурез ҳам шавҳарро бо иззату икром то фурудгоҳ гусел намуда, дар шаби аввали ҷудоӣ худро таслими ҳамсоя кард.

пешина
аз 429
навбатӣ