Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар хонаи мо. Ин ҳам дар ҳолатҳое рух медод, ки шавҳарам аз пайи корҳои бозоргониаш мерафт ва ё дар хориҷи кишвар буд.
-Чӣ тавр шумо тавонистед, ки муқаддасоти инсониро пеши по занед?
-Мӯйдарозон ақлкӯтоҳ гуфтаанд.
-Хоҳиш мекунам ҳамаро аз нигоҳи хеш қиёс накунед.
-Мебахшед.
-Ҳоло шавҳаратон дар куҷост?
-Субҳи дирӯз ӯ ба Бишкек рафт.
-Рафт ё бояд мерафт?
-Рафт. Ман худам ӯро дар фурудгоҳ гусел намудам...
Қатраҳои аввалини борон ба сару рӯям бархӯрда, дафтари хотираҳмоямро парешон намуданд. Аслан баъди он гирдбоде, ки гарду чангро ба арш бароварда, сипас ба сари роҳгузарон мезад, омадани борон фоли нек буд. Ба хотири тар нашудан ман дафтари хотиротамро пӯшида, ба тарафи истгоҳи наздиктарин босуръаттар қадам мондам...
... 2 ...
Сари субҳ чун аз хона баромадам, осмон софу беғубор буд.
Ҳарчанд то кунун отфоб ҷамоли ҷаҳонорои хешро ба мадди назари заминиён нагузошта бошад ҳам, вале худи самои беғубор кафолати рӯзи нек буд.
Дирӯз, вақте ки ман аз истгоҳ то ба хона омадам, саропо тар шуда будам, ин субҳ бошад....
Борон бо раҳмати хеш тамоми гарду чанги табиатро шуста буд, вале табиат қобилияти шустани ғубори дили инсонҳоро, ки боиси бадбахтии якдигар мешаванд, надошт, ки надошт...
Бо ҳамин фикру андешаҳо ман боз дар ҳамин субҳи солеҳон, ки ҳанӯз хуршеди ховар ҷамоли ҷаҳонорои хешро ба мадди назари заминиён нагузошта буд, пой ба остонаи коргоҳ гузоштам. Дар пешдолон лаҳзае таваққуф намуда, бо навбатдор сари суҳбат қарор гирифтам. Чун сухани тасаллибахше аз забони мусоҳибам дар атрофи ҳодисаи дар кӯчаи Бинокорон рухдода нашунидам, ба ошёнаи дуюми бино баромада, вориди дафтари кориам шудам.
Сараввал тирезаро кушода, сипас ба курсӣ нишастам. Баъди андаке мулоҳиза аз ғалладони дафтари кориам коғазу қалам бароварда, ба тартиб додани нақшаи корҳои ҷустуҷӯӣ пардохтам...

пешина
аз 429
навбатӣ