Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ин корат хуб не, бояд хабар медодӣ.
-Ҳамонаш беҳтар аст, ки дигар ба чашми калони онҳо нанамоям.
-Чӣ туро заданд?
-Не.
-Пас чаро аз милиса метарсӣ?
-Аз девори каҷ ҳазар.
-Маълум ки алови чашматро гирифтаанд.
-Чӣ хел алови чашмамро гирифтаанд? Аслан ман намехоҳам, ки боз касе маро дар гирду атрофи милиса бинаду ба деҳа овоза барад. Исто, хабари ба милиса бурдани маро кӣ ба деҳа бурдааст?
О ягон кас маро надида буд-ку. Ба замми ин, маро шабона бурданд.
-Чӣ хеле гуфтам, амаки Қосимат аз куҷое шунида, хабарро ба гӯши дадоят расонидааст.
-Шояд ҳамоне, ки ба деҳа овоза фиристодааст, худаш дар он дуздӣ шарик бошад?
-Намедонам, бачам. Илоҳо, хонаи душман сӯзад!
Давлат боз чизе гуфтан мехост, вале занги дар садо доду ӯ ба тарафи дар ҳаракат кард ва чун дарро кушод, дар остона падарро дид. Онҳо гарм вохӯрӣ карданд ва дар сари дастурхон Давлатро лозим омад, ки ҳисоботи хешро оид ба воқеаҳои ба сараш омада баҳри падар аз нав такрор кунад...
-Ана ҳамин хел, мардак, кадом худоношиносе аз пушт ба мо зарба заданӣ шудааст. Шояд аз ҳамон варзиши калон касе дар қасди худат будааст, - пурсид Мавлуда.
-Варзиш ин сиёсат нест, ки ҳила намоӣ. Варзиш пеш аз ҳама тозагист ва оне ки ба ифлоскорӣ роҳ медиҳад, дер ё зуд назди мардум шармсор мегардад. Не, не, ин фикрҳои беасосро аз сарат дур кун, очаи Давлат.
-Набошад, мо дигар ба кӣ бадӣ кардаем?
-Намедонам, вале одам бе душман нест.
-Ҳа, Давлат, канӣ гап зан, шояд худат ягон касро ранҷонда бошӣ ва хостаст ба ин васила ҳисобашро ба худат баробар кунад?
-Не, дадо, ман ҳеҷ гоҳ насиҳатҳои шуморо ба гӯшаи фаромӯшӣ намедиҳам ва ба ман бовар намоед.
-Хайр шуд, бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад.
Муҳимаш он ки бегуноҳ бошӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ