Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳарчанд ӯ донишҷӯи бад нест ва ҳама рӯза даҳҳо муодилаҳои мураккаби математикиро ҳал мекунад, вале тайи ду рӯзи дар хона будан як масъалаи одиро ҳал карда натавонист. Ин ҳам бошад, ҳамон масъалае буд, ки ба кадом мақсад ба хонаи ӯ даромада, ҷавоҳироти дуздидашударо монданд?
Тайи ду рӯз ӯ симои ҳамаи он нафаронеро, ки ба хонааш рафту омад доштанд, пеши назар овард, вале бе натиҷа. Аз он ки чунин корро танҳо одами шинос кардааст, ба гӯшаи хотираш овардан намехост, вале худи факту далелҳо тақозо мекарданд, ки сари ҳамин масъала боз андеша намояд. Ба ҷуз одаме, ки бо шакли дохили хона шинос аст, боз кӣ медонад, ки тиреза дуруст маҳкам намешавад ва маҳз тирезаро ягона роҳи даромад интихоб мекунад...
Инаш ҳам ба хайр мебуд, агар ҳамон шахсе, ки ҷавоҳиротро ба хона дароварда, дохили чойник мондааст, ба милиса занг намезад. Он чӣ ки маҳз дар ин бора ба милиса касе занг задааст, ҷои баҳс нам набуд, чунки аз лаҳзаи аввали ба хонаи банда ташриф овардани кормандони милиса, ба фикрам, ҳамоне, ки худро аз дигарон боло мегирифт ва ба сари ҳамкорон дӯғу пӯписа мекард, дар куҷо будани ҳамон ашёҳоро медонист. Бубин тамоми шаб ӯ маро ором нагузошт ва ба ҷуз ду-се мушт боз ба шикамам бо шатта зад. Боз мегӯянд, ки милисаи ман - ҳимоятгари ман. Ҳайфи онҳое, ки тақдири шаҳрвандонро бовар карда, ба дасти чунинҳо супоридаанд. Ба ҷои салла тайёранд, ки калларо биёранд. Одамӣ барои онҳо қадру қимате надоштааст. Бобоям ёдовар мешуд, ки солҳои сию ҳафти асри гузашта нисфи мардумро бо туҳмат ба маҳкама кашиданд ва қисме аз он рафтагон беному нишон гум шуданд. Маҳз онҳое барнагаштанд, ки аз илм бохабар буданд...
Хайр он солҳо мафкураи мардум аз бесаводӣ ҳамин хел паст буд, ки дӯстро аз душман фарқ намекарданд, вале наход тайи қариб ҳаштод соли оянда то ҳанӯз мо аз он хатогиҳои таърихӣ хулоса бароварда натавонистем. Магар аз ба маҳкама кашидани ман ба ҷамъият нафъе мерасад, модоме ки гунаҳкори асосӣ - оне ки ҷиноят содир кардааст, дар озодӣ мегардад. Ё он калони милисаҳо аз суд кардани нафари бегуноҳе лаззат мебарад. Не, ба фикрам, барои унвону вазифа гирифтан ӯ ва ӯ баринҳо тайёранд модари зорашонро ҳам ба маҳкама кашанд. Хайрият он ду милисаи дигараш сари субҳ пурсиши бандаро ба душ гирифтанд ва ҳатто пурсиданд, ки дар он ду шаб ман дар куҷо будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор