Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бад не-ку.
-Чияш нағз?
-Ҳамонаш, ки акнун ду парвандаи ҷиноятиро як мекунем.
-Аз як намудани парвандаи ҷинои сабукие мешавад.
-Албатта, акнун на ду гуруҳ ҷинояткорон, балки як гурӯҳро ҷустуҷӯ менамоем.
-Ҳастанд ҳолатҳое, ки ду гурӯҳро ҷустуҷӯ намудан осонтар аст.
-Инаш рост ва ҷои баҳс ҳам нест, вале дунё ба умед гуфтанд, рафту ин дафъа гурӯҳи ҷинояткорро тезтар дастгир намоем.
-Ман ҳайронам, ки чаро ҳамон шаби борон кормандони хоҷагии коммуналӣ дар бораи ҳодисаи дар дохили бинои мағоза дидаашон гап назаданд.
-Дар ин ҷо пеш аз ҳама гуноҳи худи мост.
-Чаро гуноҳи мо будааст?
-Чунки мо онҳоро дар ин бора напурсида будем.
-Магар ҳама ҳолатро пурсида мешавад ё Назари Гадо ва он ронандаи ҳамроҳаш буда ақлашон барои ҳамин чизи одӣ нагирифт?
-Онҳо аслан худашон ба ҳақиқати ҳодиса бовар накардаанд, бинобар ҳамин хомӯширо афзалтар шумурдаанд.
-Хонаат пури гандум, ки ҳамеша ба дифои бечораю бенаво мехезӣ, - гуфт муфаттиш.
-Ман не, вазъи рухдода дар ҳақиқат ҳамин хел будааст, - гӯён Абдумаҷидов азми рафтан кард.
...26...
“Аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пой худ,” - гуфтани бузургон баҳри ҳар як фард дарсест аз зиндагӣ. Умуман. ҳар як панду ҳикмате, ки аз гузаштагон баҳри мо ба ёдгор мондааст, аз таҷрибаи чандинасраи миллат гирифта шуда, ҳар як сатри он тайи асрҳо дар кураи обу оташи зиндагӣ пухта расида ва ҳар фарде ки дар зиндагӣ аз ин таҷрибаи рӯзгор истифода набарад, дер ё зуд пояш дар гил бимонад...

пешина
аз 429
навбатӣ