Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пайроҳаи паймудаи Сабзаев баъди хатми факултаи сохтмони институти сохтмону меъмори шаҳри Воронеж дар идораи сохтмонӣ-меъмории шаҳр ба ҳайси муҳандис-сохтмончӣ оғоз гардида, ӯ то ба вазифаи сармуҳандиси ҳамин идора расида буд.
Сабзаев яке аз муҳандисони асоси плани генералии сохтмони шаҳр буда, дар бунёди як қатор идораю муассисаҳо ва тунелҳои коммуникатсионию обкашии шаҳр иштирок намуда буд.
Абдумаҷидовро як чиз ба шигифт овард, ин ҳам бошад сохтмони бинои сеошёнае, ки дар миёнаҳои солҳои шастум ба нақша гирифта шуда буд ва дар айни ҳол мағозаи калонтарини ҷавоҳироти шаҳр дар ошёнаи якуми он ҷо ба ҷо шуда буд, бо тарҳрезии Ғанӣ Сабзаев сохта шуда буд ва маҳз Сабзаев ба лоиҳаи тунели коммункатсионӣ, ки даҳ сол баъди сохтмони бинои дар боло номбаршуда аз рӯи нақшаи генералӣ сохта шуда буд, имзо гузошта... Тунели мазкур аслан аз рӯи лоиҳа аз қисми чапи толори фурӯшгоҳ мегузашт ва он чи ки ҷинояткорон маҳз ҳамин ҳолатро дониста, бе душворӣ ба мағоза дохил шудаанд, нишонаи он буд, ки онҳо бо нақшаи коммуникатсионӣ шинос будаанд ва марги Сабзаев худ гувоҳи он буд, ки ӯ дар охири умр сирру асрори нақшаи сохтмонро ба кадоме аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша фурӯхта ва маҳз ҳамин ҳолат сабабгори марги ӯ гардида.
Абдумаҷидов борҳо аз забони калонсолон ва аз забони бобояш шунида буд, ки нисбати шахси фавтида ё сухани нағзу сазовор гӯй ва ё хомӯшӣ алвотар аст, аммо фаъолияти марҳумро баҳри ба даст овардани ҳақиқат рӯи об баровардан лозим меомад ва акнун Сабзаев худ хаси рӯи об буд...
Аз идораи сохтмону меъмории шаҳр Абдумаҷидов рост ба прокуратура омад. Дар роҳрави пеши дари дафтари кории муфаттиш ду нафар интизорӣ ба назди Салимов даромадан буданд.
Маълум буд, ки муфаттиш дар наздаш одам дорад ва Абдумаҷидов ҳам паҳлуи он ду нафар ба курсии дарози роҳрав нишаст... Ниҳоят дар кушода шуду аз назди муфаттиш котиба Муҳаббатхон берун омад ва чашми Салимов ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бархӯрд магар ки худаш ба пеши дар омада, ӯро ба дафтари кориаш даъват намуд. Аз ин рафтори муфаттиш Абдумаҷидов ҳам худро ноҳинҷор ҳис кард, вале чун он ду нафар эътирозе накарданд, ӯ каме ҳам бошад осуда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор