Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Умуман, нонаш дар равған буд. Сирри муваффақиятҳои ӯро дар соҳаи тиб худаш медонисту Худо. Дар як муддати кӯтоҳ номзади илми тиб гашт. Ҳамааш нағз буд ва дар яке аз рӯзҳои баҳорон аз куҷое Холи Баҳром шогирдеро ба беморхона овард.
Азбаски дар илми урология Фарҳод ном бароварда буд, Холи Баҳром низ ҳамон шогирди хешро ки ба спорт шавқи беандоза доштаасту устодаш дар симои ӯ яке аз ситорагони спорти тоҷикро медидааст, назди ҳамшаҳриаш, ки овзааш то қофу қайсар рафт буд, овард. Ҷавонро Намоз ном ва ба қавли Холи Баҳром бекасу кӯй буд. Баъди ҳафтае дар беморхона хобидани Намоз Фарҳод ба ӯ ташхиси касали саратон дар гурдаро дод ва фаҳмонд, ки бе ҷарроҳӣ ин кор имконият надорад. Чӣ ҳам мегуфт Намоз? Чӣ ҳам мегуфт Холи Баҳром? Чун Холи Баҳром аз дарди бедавои шогирд воқиф гашт, ба табиби ҳозиқ чунин гуфт:
- Гӯш кун, Фарҳодҷон, Намоз бекасу кӯй аст ва акнун ман ба ҷои бародари калониаш. Ҳар чӣ аз дастат биёяд, аз ӯ дареғ мадор ва баҳри саломатиаш кӯшиш ба харҷ деҳ, ман ҳам бе фикрат нестам ва чун Намоз ба ҷарроҳӣ розӣ шуд, Холи Баҳром Намозро ба Фарҳод ва Фарҳодро ба Оллоҳ таоло супорид...
Ҷарроҳи чӣ хел гузашт, Холи Баҳром намедонист ва баъди ду рӯзи ҷарроҳи Намоз ба худ наомада, бо олами ҳастӣ падруд гуфт.
Холи Баҳром шояд нопокиеро дар кори ҳамшаҳриаш ҳис карда, баҳри кушодани ҷасад комиссияи бетарафи тиббӣ талаб кард ва чун ҷисми беҷони Намозро кушоданд, ташхиси мондаи духтури номдор тасдиқ нашуд ва сипас ҳангоми тафтишот муайян карда шуд, ки Фарҳоди Аваз ҳангоми ҷарроҳӣ дар ҳолати мастӣ буда, кадом як раги хурди талхадон ва ё гурдаро буридааст...
Дар давоми ду рӯзе, ки Намоз дар ҳолати вазнин қарор дошт, духтури ҷарроҳ барои исботи фикри хеш ба ташхиси гисталогӣ намунаеро аз гурдаи бемори дигар, ки ба касалии саратони гурда мубтало будаасту баъди ҷарроҳӣ бо олами ҳастӣ падруд гуфтааст, фиристодааст. Чун тафтишот оғоз ёфт, дар фаъолияти кории ҷарроҳи номи ҳолатҳое ошкор шуд, ки ҳатто шайтон ҳам наздаш сари таъзим фӯруд меовард...
Ҷарроҳи номдор, ки унвони илмӣ дошт, ба мақсади баланд нишон додани дараҷаи шифоӣ дар илми урология бо роҳи ҷарроҳӣ ҳатто одамони тамоман солимро аз зери теғ гузаронидааст, ҳол он ки барои ҷарроҳӣ намудани аксари онҳо зарурияте нам набудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор