Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба куҷо ӯро шинонданд?
-Аз қафои мошин як дар ҳаст-ку мардум “сабачка”-аш мегӯянд, ана ба ҳамон ҷо ӯро шинонда бурданд.
-Соат чанд буд?
-Соат қариб дувоздаҳи шаб шуда буд.
-Дигар ӯро ҷавоб надоданд?
-Не.
-Аз куҷо фаҳмиди?
-Ман ба пеши донишгоҳашон рафтам. Охир ман аксари ҳамсабақонашро мешиносам, ҳама аз дарс баромаданд, вале ӯ набуд. Чун рӯз торик шуд, боз ба маҳаллаи истиқоматиаш рафтам, аз дур назора кардам, вале чароғи хонааш фурӯзон нашуд.
-Боз каме интизор шудан лозим буд, рафту ӯро сар диҳанд.
-Сар намедиҳанд. Аздусар ҳамон чизҳоро ёфтанд, ки вайро бурданд. Чӣ онҳо ахмақанд, ки ӯро сар диҳанд.
-Гуфта намешавад.
-Осуда бошед, шеф.
-Гуш кун, ту чӣ хел телефон кардӣ?
-Чӣ хеле ки шумо фармудед, аз телефон-автомат ва боз болои микрофона бо дастрӯймолчаам пӯшонидам.
-Дастпӯшакро аз даст нагирифта будӣ?
-Не, шеф.
-Чӣ хел ба хона даромадӣ?
-Гуфтам, ки аз болои токи ангур ба воситаи тиреза.
-Натарсидӣ, ки рафту Давлат дар хона бошад.
-Ман аноӣ не, то соати дувоздаҳи шаб аз дур назора кардам, чун чароғаш фурӯзон нашуд, оҳиста аз зинапояҳо баромада, болои дастаки дар гӯгирдчуберо монда, занги дарро ду-се маротиба зер кардам ва худ ба ошёнаи якум фаромада гӯш додам, касе дарро накушод. Сипас аз нав ба ошёнаи дуюм рафта дидам, ки гӯгирдчуб дар ҷояш. Боз ба мавқеи пештараам рафта, соате назоратро давом додам ва сипас ба воситаи чанори паҳлуи оташдони хонаашон болои токи ангур баромада, назди тиреза рафтам ва оҳиста онро тела додам ва вориди хона шуда, ҳама он туҳфаҳои додаатонро ба дохили чойнике гузошта, боз бо ҳамон роҳи омадаам қафо баргаштам.
-Ягон кас дар ин муддат худатро надид?

пешина
аз 429
навбатӣ