Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(аффикс) барои ифодаи муайянию номуайянӣ хизмат мекунанд. Чунин унсурҳо ва калимаҳои ёрирасон дар гурўҳи забонҳои гермонӣ ва романӣ кор фармуда мешаванд. Дар забони олмонӣ артикл тағйир ёфта меистад:
der Genosse, des Genossen, dem Genossen, den Genossen, die Genossen. Дар забони англисӣ артикл тағйир намеёбад. Дар забони тоҷикӣ категорияи номуайянӣ ва ишоратии исм ба воситаи артикли -е ифода меёбад:
Чу дидам дар диёри ту хазони бўстонеро, Намудам ҷустуҷў аз Комде он нишонеро (М.Т.).
Артикулятсия (аз лот. Articulatiolarticulare – сареҳу бурро талаффуз кардан) – маҷмўи ҳаракатҳои узвҳои талаффуз ҳангоми тавлиди (ба вуҷуд омадани) овозҳои нутқ. Марҳалаҳои артикулятсия – талаффузи овоз инҳоянд: а) омодагии узвҳои нутқ барои талаффузи ин ё он овоз (экскурсия); б) талаффузи овоз; в) ба ҳолати аввалиашон баргаштани узвҳои нутқ (рекурсия). Дар фонетика артикулятсияро ҳамчун аломатҳои фонетикии овозҳо меомўзанд. Артикулятсия гуногун мешавад: А.-и овозҳои димоғӣ, ҳалқӣ, лабӣ ва ғ. Овозҳое, ки мо талаффуз мекунему мешунавем дар натиҷаи кору ҳаракати узвҳои овозсози инсон ҳосил мешаванд. Узвҳои инсон, пеш аз ҳама, вазифаи физиологӣ доранд.
Масалан, лабҳо барои ҳимояи дандонҳо аз таъсири муҳити беруна, пўшонидани сўрохии даҳон, дандонҳо барои шикастан ва нарм кардани хўрока, милкҳо барои нигоҳ доштани дандонҳо ва аз ғизо таъмин намудани онҳо офарида шудаанд. Ин узвҳо вазифаи овозсозро низ адо мекунанд. Овозсозӣ вазифаи дуюмдараҷаи узвҳои нутқ аст, ки инсон дар рушду такомули таърихии худ ба даст овардааст. Методу усулҳои муосири таҳқиқи артикулятсияи овозҳои нутқ инҳоянд:
электромиография (андозагирии қудрати (қувваи) барқии мушакҳо), рентгенография, палатография (коми сунъӣ), глатография (таҳқиқи паҳнои роғи садоӣ).
Архаизмҳо (аз юн. archaios – қадима (бостонӣ) – унсурҳои забонии (калимаҳо, ифодаҳо) кўҳнашудае, ки аз истеъмол баромадаанд.

пешина
аз 389
навбатӣ